17:22 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (421)
87911

Масъулони ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID - 19 дар кӯчаҳои навоҳии Суғд баромада, тавассути баландгӯякҳо мардумро аз хатари сирояти ин маризӣ огоҳ мекунанд

ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. Барои он, ки мардуми рустонишин хатари сироятёбии ин маризиро ҷиддӣ бигиранд, масъулин ба даст балангӯякҳо гирифта, кӯча ба кӯча барои беҳуда аз хона берун набаромадан ва бастани маскаҳои муҳифизатӣ дар миёни аҳолиро эълон мекунанд. Ин кор дар баробари тақсими хона ба хонаи варақаҳои тарғиботии риояи пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии вируси корона ҷузъе аз кори масъулин гуфта мешавад.

Комил Шарипов як сокини рустои ноҳияи Деваштич дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, се рӯз боз садои эълони аз "хона набароед" ва "бастани ниқобро фаромӯш накунед" - ро дар кӯчаи гузари худ мешунаванд.

"Аъзоёни идораи хоҷагии деҳа дар даст баландгӯяк аз тирезаи мошин берун шуда ба ҳама кӯчаҳо сайр намуда, инро эълон мекунанд. Бисёриҳо бо шунидани ин эълон дар хонаҳо одат кардаанд", - таъкид намуд Шарипов.

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, то ин замон масъулони деҳа ҳамроҳи омӯзгорон тақсими варақаҳои тарғиботиро ба ҳар хона анҷом додаанд. Дар ин варақаҳо, бо нишон дода шудани рақами телефони духтури оила ва ҳамшира аз шаҳрвандон хоҳиш карда шудааст, ки дар сурати пайдо гардидани аломатҳои ҳарорати баланд, сулфаи хушк ё бо миқдори ками балғам, нафастангӣ, эҳсоси фишурдашавии қафаси сина ва баъзан хастагӣ ва дард дар мушакҳо ҳатман ба табиби оилавӣ ё бо ҳамшираи тибби оилавӣ занг зананд.

Ҳоло дар чанде аз деҳоти Суғд, аз ҷумла Басмандаи Деваштич мардум барои пешгирӣ аз паҳншавии вируси корона ба як иқдоми бесобиқа даст задаанд.

Дар даромадгоҳи ин деҳа нуқтаи назоратӣ ташкил шуда, кори онро худи сокинон ба иҷро мерасонанд. Нафарони навбатдор бояд пойҳои ҳар як мошини воридшаванда ба деҳаро бо хлор поккорӣ намуда, тавассути ҳароратсанҷ (тепловизор) меъёри муътадилии ронанда ва мусофиронро санҷиш мекунанд.

Агар рафту дар ин миён вазъи саломатии мусофирон шубҳаовар намояд, онҳоро дар мактаби № 47- и деҳа, ки дар канори дидбонгоҳ ҷойгир аст, ба қарантина таҳти назорати духтурон қарор медиҳанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рӯзи 30-уми апрел нахустин бор аз гирифтории 15 сокини кишвар ба коронавирус хабар дода буд.

Бино ба оморе, ки рӯзи 9-уми май ин вазорат эълон кард, шумори мубталоёни беморӣ дар кишвар ба 612 нафар расида, аз он 20 тан фавтидаанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (421)
Барчаспҳо:
хона, пешгирӣ, вируси нав, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ