15:03 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1171 0 0

Мақомоти шаҳри Душанбе эълон кардааст, ки муваққатан фаъолияти кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо манъ карда мешавад

ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik. Мақомоти шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт аз пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) фаъолияти тамоми кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳоро, то 31 майи соли 2020 манъ кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе иттилоъ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва масъулини кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ намоянд.

Ёдрас мешавем, ба ҳолати соати 17:30-и 11 май дар Тоҷикистон 49 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавируси навъи COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

То соати 17:30-и 11 май дар Тоҷикистон 49 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавируси навъи COVID-19 ба қайд гирифта шуда, шумораи онҳо ба 661 нафар расид.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин теъдоди ҳолатҳои фавти беморони мубтало ба ин вирус 1 нафар зиёд шуда, 21 касро ташкил медиҳад.

Қаблан шумораи сироятёфтагон 612 нафар ва фавтидагон 20 кас буд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват карда, ки қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя ва ҳамзамон дар ҳолати пайдо гардидани нишонаҳои ин беморӣ фавран ба табиби оилавии минтақаи хеш муроҷиат намоянд.

Барчаспҳо:
автомобил, шустушӯ, сартарошхона, манъ, маҳдудият, Душанбе, мақомот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ