15:58 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
21900

Сӯхторхомӯшкунандагон ба ҷои ҳодиса расиданд, вале мутаассифона ду тифл аз бӯйи ғализи оташсӯзӣ нафасгир шудаанд

ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik. Дар ноҳияи Айнӣ дар пайи фалокате ду кӯдаки хурдсол ҳалок шуданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, 10 май дар деҳаи Курути ноҳияи Айнӣ хонаи сокини 31-солаи деҳаи мазкур оташ гирифтааст.

Дар натиҷа, мутаассифона, ду тифли хурдсол ба ҳалокат расиданд. 

"Нимаи рӯзи якшанбе хонаи сокини 31-солаи ин деҳа оташ гирифта, бо талоши кормандони Хадамоти оташнишонии ноҳияи Айнӣ  сӯхтор пурра хомӯш карда шуд. Вале мутаассифона, фарзандони соҳиби хона, ки яке дусола буду дуюмӣ яксола, бар асари дуди ғализ дар ҷойи хобашон ба ҳалокат расиданд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Корнамоии муҳоҷирони тоҷику ӯзбек дар Маскав: пиронсолонро аз сӯхтор наҷот доданд - навор

Мақомот мегӯянд, ки сабаби аслии сӯхтор беназорат гузоштани асбоби барқӣ будааст. Аммо ҳоло мизони зарари расида ва сабаби  аслии сар задани сӯхтор аз ноқили барқ ё таҷҳизоти дигар дақиқ гуфта нашудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ