19:17 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3231 0 0

Бино бар иттилои дарёфтӣ, олими номии тоҷик Зуҳур Ёров имрӯз тақрибан соати 10 аз бемории қалб даргузаштааст

ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik. Олим, геолог, собиқ раиси Кумитаи сангҳои қиматбаҳои ҶТ, собиқ сардори экспедитсияи геологӣ-ҷустуҷӯии "Памирсэкспедитсия", академики халқӣ Зуҳур Ёров даргузашт, хабар медиҳад манобеи Sputnik Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, олими тоҷик дар пайи маризии қалб имрӯз дар Душанбе тақрибан соати 10 даргузаштааст.

Ҷанозаи марҳумро имрӯз дар қабристони Каленин бар хок месупоранд.

 Зуҳур Ёров соли 1938 дар деҳаи Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷ дар оилаи деҳқони асил, котиби ҷамоат, яке аз фаъолони ҳаракати колхозии ноҳия Ёрмуҳаммад таваллуд шудааст.

Маълумоти миёнаро дар мактаб-интернати шаҳри Хоруғ гирифта, солҳои 1956-1961 дар факултаи табиатшиносӣ, шӯъбаи геология таҳсил намудааст.

Ӯ солҳои 1961-1971 техник-геолог, сардори гурӯҳи (партия) геологӣ, 1971-1975 роҳбари гурӯҳи геологҳои шӯравӣ дар Афғонистон, 1975-1981 роҳбари гурӯҳи ҷустуҷӯӣ-геологӣ дар Раёсати экспедитсияи геологии Помир, 1981 -1997 сардори Иттиҳодияи сангҳои гаронбаҳо ва ороишии Помир (Помирквартсамосвет)-и Умумииттифоқӣ дар минтақаи Осиёи Миёна, 1996 корманди масъули Кумитаи сангҳои гаронбаҳо ва ороишии (Тоҷиксамосвети) назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Даргузашти собиқ раиси “Амонатбонк” чанд соат баъди марги писараш

Аз соли 1997 Зуҳур Ёров боз ба вазифаи пештараи худ сардори эспедитсияи иктишофии (ковишӣ-геологӣ) геологии Помир – геологияи тоҷики назди Ҳукумати Тоҷикистон бармегардад.   

Хизматҳои шоёни олими тоҷикро ба назар гирифта, ӯро бо унвони тахассусии академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон ҷоиз донистаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ