09:11 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
27610

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар гузорише хабар додааст, ки раводиди шаҳрвандони хориҷиро автоматӣ тамдид мекунад. "Мӯҳлати будубоши онҳо то 1 июли 2020 худ ба худ тамдид мешавад", навиштааст манбаъ

ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар гузорише хабар додааст, ки дар Тоҷикистон раводиди шаҳрвандони хориҷиро ба таври автоматӣ тамдид мекунанд.

Бино бар иттилои манбаъ, мӯҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар "худ ба худ" то 1 июли соли равон тамдид карда мешавад.

"Дар чаҳорчӯби чораҳои андешидашуда дар мавриди пешгирии интишори бемории COVID-19, муддати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, то 1 июли 2020 худ ба худ тамдид мешавад", - омадааст дар гузориши манбаъ.

Ҳанӯз моҳҳои апрел вазорат гузориш дода буд, ки мӯҳлати эътибори раводид дар Тоҷикистон тамдид мешавад.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ барои тамдиди раводид метавонанд ба Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагии Вазорати корҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд ва ҷиҳати тамдиди муҳлати бақайдгирӣ ба воҳидҳои сохтории Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

ВУХ: шаҳрвандонро аз Мисру Туркияву Тошканд овардем, масъалаи боқимондаҳо баррасӣ мешавад

Бояд таъкид кард, ки тамоми дархостҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ мувофиқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории мамлакат мавриди баррасӣ ва иҷрои фаврӣ қарор дода мешаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ