16:05 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
384001

Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд мегуяд, ки муроҷиати сокинон бобати гирифторӣ ба маризии “илтиҳоби шуш” давоми чор рӯзи охир коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik. Мирзонабӣ Мирзоҳошимов, сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар Хуҷанд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи кам шудани омори беморшавии сокинон хабар дод.

Вай гуфт, давоми чор рӯзи охир ба зерстансияҳои Марказ дар соҳили рост ва чапи Сирдарё дар Хуҷанд ҷамъан 620 даъвати сокинон барои расонидани ёрии фаврии тиббӣ сапт шудааст, ки ин рақам назар ба рӯзҳои қаблӣ камтар будааст.

Аз воҳимаи беасос то нархи баланди доруворӣ: муроҷиати занони Хуҷанд ба мардуми Тоҷикистон

Сартабиб мегуяд, дар ин рӯзҳо шумори муроҷиатҳо бо орезаҳои баландшавии тасф, ки яке аз нишонаҳои хуруҷи бемории “илтиҳоби шуш” арзёбӣ мешавад, коҳиш ёфтааст.

“Санаи 8 ум май аз 170 муроҷиат – 98 маврид, рӯзи 9 ум аз 156 – 82 маврид, 10 ум аз 144 – 52 ва рӯзи 11 уми май аз 150 – 57 ҳолати баланд шудани тасф ба қайд гирифта шудааст. Ин рақамҳо назар ба рӯзҳои қабл аз 7 уми май то 30 – 40 ҳолат камтар шудани баландшавии ҳарорат ба ҳисоб мераванд. Ҳамаи онҳое, ки аз меъёри муқаррарӣ баланд будани тасфашон маълум мегардад, ба беморхонаи сироятӣ ва бемористони клиникавии Суғд барои муолиҷа интиқол дода мешаванд”, - зикр намуд Мирзоҳошимов.

Ин масъули Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ мегуяд, ба роҳ мондани табобати бемории илтиҳоби шуш дар марказҳои саломатӣ дар маҳалҳо ва ҳам гузаронидани корҳои тарғиботии пешгирии бемориҳои сироятӣ дар гашту гузори хона ба хона, ки гуфта мешавад ҳама барои саломатӣ ба по хестанд, ба коҳишёбии шиддати авҷи ин маризӣ бе таъсир намондааст.

Мирзоҳошимов мегуяд, эҳтимол дорад аксари онҳое ҳам, ки бо нишонаҳои тасфи баланд ба бемористон интиқол дода шуданд, ташхиси бемориашон сабук арзёбӣ шуда, баъди се чор рӯзи табобат дар бемористон ба хонаҳояшон рухсат дода шаванд. Сардухтури ёрии таъҷилии тиббӣ мегуяд, ба ҳисоби илтиҳоби шуш, бемории гулӯ, баландшавии фишор, шамолхурдагӣ, баланшавии меъёри диабети қанд аз бемориҳое будаанд, ки сокинон дар ҳоли гирифториҳо, ба унвонии онҳо ба рақами телефони 03 муроҷиат кардаанд.

Мирзонабӣ Мирзоҳошимов чанде қабл дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон омори муроҷиати сокинон дар рӯзҳои 5 ва 6-уми майро шарҳ дода гуфта буд, ки дар пайи 390 муроҷиати давоми 48 соати ин ду шабанорӯз сапт шуда, 150 нафар бо нишонаҳои хуруҷи бемории “илтиҳоби шуш” ба бемористони клиникавии Суғд интиқол дода шуданд.

 Наздики 240 нафари дигар ба далели сабук будани бемориашон бо ҷалби назорати духтурони оилавӣ ба муолиҷаи хонагӣ таъин карда шуд. Бино ба иттилоъи дарёфтӣ ҳоло дар Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд дар 15 бригада беш аз 80 табибу мутахассисони соҳа ба аҳолии наздик ба 185 ҳазор нафараи маркази вилояти Суғд кӯмаки аввалияи тиббӣ мерасонанд.

Барчаспҳо:
гирифторон, коҳиш, муроҷиат, омор, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ