08:26 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
334601

Ба ҳолати соати 17:00-и 12 май дар Тоҷикистон 68 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавируси навъи COVID-19 ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Дар иттилоияе, ки Маркази матбуоти Вазорат дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, то соати 17:00 – и имрӯз – 12 май дар Тоҷикистон 68 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавируси навъи COVID-19 ба қайд гирифта шудаааст.

Ҳамин тавр шумори умумии беморон ба 729 нафар расид, хабар медиҳад, маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин теъдоди ҳолатҳои фавти беморони мубтало ба ин вирус 2 нафар зиёд шуда, 23 касро ташкил медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки қаблан шумораи сироятёфтагон 661 нафар ва фавтидагон 21 кас буд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват карда, ки қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя ва ҳамзамон дар ҳолати пайдо гардидани нишонаҳои ин беморӣ фавран ба табиби оилавии минтақаи хеш муроҷиат намоянд.

Барчаспҳо:
ҳолат, қайд, сироят, вирус, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ