12:42 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
282101

Сайидҷалол Сафаров, раиси дастгоҳи Раёсати неруҳои марзбонии Тоҷикистон аз маризии дил фавтидааст

ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Хуршеди Ҳамдам, яке аз ҳамдарсони донишгоҳии Сайидҷалол Сафаров ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум пас аз ҳафт рӯзи бистарӣ шудан дар корпуси 5 – уми Маркази тиббии “Шифобахш”, дар миёни мардум маъруф ба Шифохонаи Қаряи Боло бо олам падруд гуфт.

 “Се рӯз пеш ҳамсараш, ки солҳои ахир аз маризии қанд азият мекашид ва дар корпуси 6 – уми ин шифохона бистарӣ шуда буд, низ дунёи фониро тарк кард. Худи Сайидҷалол аворизи дил дошт. Ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки маризиҳои эшонро “вируси корона” таҳрик дода бошад”, - гуфт Хуршеди Ҳамдам.

Сайидҷалол Сафаров соли 1971 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба дунё омада, соли 1995 факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Пас аз он дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон – вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

Солҳои охир дар Раёсати неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хизмат карда, чанд моҳи қабл раиси дастгоҳи ин ниҳод таъйин шуда буд.

“Дар замони донишгоҳ ӯ як донишҷӯи шоиста ва ҳам сохторҳои давлатӣ як афсари ватандӯсте буд, ки моро тарк кардани ӯ зоеаи бузурге барои миллату давлат аст”, - гуфт Хуршеди Ҳамдам.

 Сайидҷалол Сафаров яке дигар аз афсарони тоҷик аст, ки тайи рӯзҳои ахир аз маризиҳои гуногун дунёро тарк мекунанд.

Қаблан Карим Каримӣ, прокурори ноҳияи Файзобод аз маризии пневмония ва Арбобқодир Ҷамҳуров, сардори яке аз шӯъбаҳои Раёсати созмондиҳӣ ва сафарбаркунии вазорати дифоъи Тоҷикистон аз сактаи қалб вафот карда буданд.

Ҳамчунон аз даргузашти дигар кормандону афсарони сохторҳои қудратии Тоҷикистон низ хабар мерасад.

Дар иттилоияе, ки Маркази матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, то соати 17:00 – и 12 май дар Тоҷикистон 68 ҳолати нави сироятёбӣ аз “вируси корона” ё COVID-19 сабт шуда, ба ҳамин минвол теъдоди сироятшудагон ба 729 нафар ва теъдоди фавтидагон 2 маврид зиёд шуда, ба 23 нафар расидааст. Як рӯзи қабл ин арқом мутаносибан 661 ва 21 нафар буд.

Барчаспҳо:
генерал, фавтида, фавтид, маризии қалб, марзбонӣ, дастгоҳ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ