18:11 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (421)
1722 0 0

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон омори нави мубталоёни маризии коронавирус дар кишварро эълон кард

ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Ба ҳолати 13 май дар Тоҷикистон 72 ҳолати нави сироятёбӣ ба вируси COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. хабар медиҳад котиботи Вазорати тандурустӣ.

Ба ҳамин минвол дар Тоҷикистон шумораи умумии дардмандони коронавирус ба 801 нафар баробар шудааст.

Манбаъ меафзояд, теъдоди ҳолатҳои фавти беморони мубтало ба ин вирус бетағйир боқӣ монда, 23 нафарро ташкил медиҳад.

Охирин омори гирифторони коронавирус дар ҷаҳон

"То имрӯз 4148 нафар зери назорати табибон қарор дошта, давоми шабонарӯзи охир 547 нафар пас аз шифо ёфтан аз муассисаҳои тандурустӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд", — омадааст дар иттилоия.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати навъи нави коронавируси CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя ва ҳамзамон дар ҳолати пайдо гардидани нишонаҳои ин беморӣ фавран ба табиби оилавии минтақаи хеш муроҷиат намоянд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (421)
Барчаспҳо:
афзоиш, маризон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ