Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Набарди оилаи Абдулло Раҳнамо бо “вируси корона”: суҳбат аз беморхона

© Sputnik / Шоира ЮсуповаАбдулло Рахнамо, архивное фото
Абдулло Рахнамо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдулло Раҳнамо, олим ва сиёсатшиноси тоҷик, мегӯяд, аз маризие, ки духтурон то ба ҳол пневмония таъриф кардаанд ва иддае ҳам “вируси корона” номидаанд, аҳли оилааш ҳудуди 20 рӯз аст, ки ранҷ мебарад

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Абдуллоҳи Раҳнамо, олими хушном ва мушовири Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон марҳалаи ҳассоси дарди “вируси корона” – ро пушти сар кардааст.

Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон
Вазорат гуфт, шабонарӯзи гузашта касе аз коронавирус дар Тоҷикистон нафавтидааст

Мавсуф ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рӯзи гузашта, 12 май, нафаскашиаш душвор шуда, аз ҳуш рафт ва духтари мактабхонаш “ёрии таъҷилӣ” – ро даъват карда, ӯро ба корпуси 4 – уми Макази тиббии “Шифобахш”, ё Шифохонаи Қарияи Боло интиқол додаанд.

“Агар соати 10 –и шаб нафас пурра гирифт, соати 2 ба бемористон оварданд. То ба ҳол хоб нарафтаам. Шаш соат бо дастгоҳи нафасдиҳӣ кор мекунам, як соат танаффус. Вазъам муътадил аст, аммо ба таври сунъӣ”, - гуфт Абдуллоҳи Раҳнамо.

Нигарониҳо аз вазъи сиҳии Абдуллоҳи Раҳнамо пас аз он ба вуҷуд омад, ки шаби гузашта дар як пости фейсбукиш навишт: “Ҳамин лаҳза бо хости Худованд зери дастгоҳи нафас меравам. Руҳ қавӣ аст, ҷисм номардӣ накунад. Агар баргаштам, бо Шумоям, бо ин Ватан, бо ин миллат, бо ҳар яки Шумо”.

Аз он чӣ дар сафҳаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад, пайдост, ки хабарҳо дар бораи беҳбуди вазъи олими муътабари тоҷик мухлисони ӯро хуш кардааст.  Раҳнамо мегӯяд, аз маризие, ки духтурон то ба ҳол пневмония таъриф кардаанд ва иддае ҳам “вируси корона” номидаанд, аҳли оилааш ҳудуди 20 рӯз аст, ки ранҷ мебарад.

“Аввал модари бачаҳо буд, сипас, духтару ду писарам ҳам аз дардҳои сабук ва мушобеҳ шикоят карданд. Дар оғоз аз хонумам сахт нигарон будам, ки ҳоло дар шифохонаи “Якум Советски” табобат мегирад ва вазъаш хуб аст. Вазъи бачаҳо ҳам хуб, дар хона ва таҳти муроқибати наздиконаманд. Хуллас, чӣ дарде набошад, ҳоло моро дар ба дар кардааст ва аз Худо умед дорем, ки рӯзе сари як дастурхон ҷамъ мешавем”, - гуфт Абдуллоҳи Раҳнамо.

Абдуллоҳи Раҳнамо, номзади илмҳои сиёсӣ, мушовири кунунӣ ва қаблан сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷмҳури Тоҷикистон буда, яке аз коршиносони муътабар ва аршади умури дину сиёсат дар кишвару минтақа ба ҳисоб меравад.

Глава миссии ВОЗ в Беларуси  Патрик O'Коннор - Sputnik Тоҷикистон
СҶБ мегӯяд, Тоҷикистон бояд ба бадтарин сенарияи рушди коронавирус омодагӣ гирад

Муаллифи китобҳои “Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ” (2008), “Уламои исломӣ дар Тоҷикистон” (Душанбе), “Ислом ва амнияти миллӣ” (2011), “Мавқеъи ҳизбӣ ва мавқеъи миллӣ” (2011), "Афғонистон ва Осиёи Марказӣ: хусусиятҳо ва дурнамои таъсирпазирӣ" (2014) ва беш аз 100 мақолаи илмӣ аст.

Ӯ поягузори литсейи хусусии “Раҳнамо” дар соли 2010 аст, ки ҳоло яке аз макотиби муваффақи кишвар ба ҳисоб меравад. Соли равон се фарзанди Абдуллоҳи Раҳнамо, ки шогирди ин мактаб мебошанд, дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ …” пирӯз омада, писари бузургаш Бунёд Раҳнамо Шоҳҷоизаи ин озмунро ба даст овард. Абдулло Раҳнамо қаблан ин дастоварди фарзандонашро натиҷаи заҳмати ҳамсараш хонд.

Лентаи хабарҳо
0