16:50 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2392 0 0

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе расонаҳо видеои ҳудуди 10 қабри ба салафан печидашуда сайр мекунад, ки миёни ҷомиа сарусадоҳоеро ба миён овардааст. Онро далели аз ҳад берун рафтани фавтҳо аз “вируси корона” арзёбӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Дар ин робита Sputnik Тоҷикистон ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат карда, шарҳи ин видеоро хост

.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумита гуфт, мутахассисони ин ниҳод видеои мазкурро омӯхта, дақиқ намуданд, ки он дар қабристони “Сариосиё”-и шаҳри Душанбе ба навор гирифта шудааст.

Вай афзуд, ин ва чанд оромгоҳи дигари шаҳри Душанбе дар мавзеи нишебӣ қарор гирифтаанд ва дар гузашта ба хотири хароб нашудан, бахусус вақти боришоти баҳору тирамоҳ, қабрҳоро як муддат салафан мепечонданд.

“Ҳамин тавр, қабри афроде ҳам, ки бо марги табиӣ фавтиаанд, болои он бо матои полиэтиленӣ рӯпӯш шудааст. Ин таҷриба дар аксари қабристонҳои кишвар, махсусан он оромгоҳҳое, ки дар мавзеъҳои нишебӣ ҷойгиранд, дида мешавад. Аз ин хотир, бори дигар аз ҳамаи ҳамватанон хоҳиш карда мешавад, ки ба чунин иғвову дасисаҳо дода нашаванд”, - гуфт Афшини Муқим.

Ин масъули Кумитаи дин афзуд, тибқи тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҷасади шахсе, ки бар асари бемории коронавирус мефавтад, манбаи сироят ба ҳисоб намеравад.

Иҷрои супориши Раҳмон: паҳнкунандаҳои овоза дар бораи коронавирус ҷазо мегиранд

 

Мавзӯъҳои асосӣ