18:37 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2127 0 0

Генерал Саиданвар Камолов, раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар шифохонаи "Якум Советский" даргузашт

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Саиданвар Камолов, генерали Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар бемористони "Якум Советский" аз олам чаш пӯшид, иттилоъ доданд ба Sputnik Тоҷикистон Яке аз наздикони ин чеҳраи намоёни амниятӣ.

Наздиконаш таъкид кард, ки ӯ дер боз дар шифохонаи "Якум Советский"-и пойтахт табобат мегирифт.   

Ба гуфтаи наздикони генерал ӯ аз бемории "бронхит" ранҷ мекашид ва рӯзҳои ахир дар шифохонаи "Якум Советский"-и пойтахт муолиҷа мегирифт.

“Ӯ ҳафтаи дуюм аст, ки зери назорати пизишкони шифохонаи "Якум Советский" нигаҳдорӣ мешуд. Рӯзҳои ахир зери дастгоҳи нафаскашии сунъӣ қарор дошт. Мутаасифона ин саҳар моро тарк кард” – гуфт яке аз дӯстони генерал.

Қарор аст, маросими дафнаш 14-уми май баргузор мешавад.

Саиданвар Камолов соли 1950 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Ӯ факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ӯ дар охири солҳои 80-ум ба ҳайси сардори Раёсати тафтишоти КГБ-и Тоҷикистони Шӯравӣ кор кардааст.

Дар оғози солҳои навадум ва пас аз ҳодисаҳои февралӣ, соли 1994 муовини вазири амният ва моҳи августи соли 1995 вазири амният таъин шуд. Соли 1997 корро ба ҳайси раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадоти назди ҳукумат оғоз карда, соли 2002 барканор гардид.

Саиданвар Камолов корманди шоистаи Тоҷикистон (2000), корманди фахрии мақомоти амнияти Тоҷикистон (1989) ва узви фахрии Шӯрои роҳбарияти нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон (1999) буд.

Барчаспҳо:
генерал, даргузашт, "Якум Советский", бемористон, Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ