03:54 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (440)
268 0 0

Ҳамарӯза дар тамоми қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон корҳои безараргардонӣ аз коронавирус гузаронида шуда, ҳамчунин тамоми машқҳои саҳроӣ муваққатан лағв гардидаанд

ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Дар байни ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон то имрӯз ягон ҳолати сироятёбии сарбозон ва афсарон аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, хабар медиҳад ТоҷикТА.

Ба иттилои сухангӯи Вазорати мудофиа Ориф Нозимиён "пиёда гардидани қарантини саривақтӣ ба олуда нашудани сарбозон ва афсарон оварда расонд".

Нозимиён мегӯяд, алъон бо фармони роҳбарияти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, фармондеҳони тамоми қисмҳо ва ҷузъу томҳои низомӣ назорати гигиенаи шахсии артишро пурзӯр карданд.

Русия барои артиши Тоҷикистон беш аз ҳазор мутахассис омода намуд

Ба гуфтаи Нозимиён, табибони низомии кишвар пайваста ҳолати сарбозон ва афсарони тоҷикро назорат мекунанд.

Илова бар ин, дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ ҳамарӯза корҳои безараргардонӣ аз ин вирус гузаронда шуда, тамоми машқҳои саҳроӣ муваққатан бекор лағв гардидаанд.

Бояд гуфт, ки қаблан мулоқоти сарбозон бо пайвандони онҳоро манъ карданд ва инчунин рухсатии онҳоро низ бекор карданд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (440)
Барчаспҳо:
маризӣ, артиш, вазорати мудофиаи ҶТ

Мавзӯъҳои асосӣ