08:44 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
936 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ барои латукӯби рӯзноманигор Абдуллоҳи Ғурбатӣ хабар дода, афзудаст, ки таҳқиқи қазия таҳти назорати роҳбарияти ВУД қарор дорад

ДУШАНБЕ, 15 май – Sputnik. ВУД Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардаст, ки сарфи назар аз хуруҷи коронавирус ҷиноёти авбошӣ дар кишвар дар сатҳи баланд қарор доранд ва далел овардааст, ки дар рӯзи ҳамла ба Ғурбатӣ дар шаҳри Душанбе 8 ҳолати авбошӣ сабт шудаанд.

Ба иттилои ВУД, 11 майи соли 2020 шаҳрванд Ғурбатов Авазмат Умаралиевич, мутаваллиди 1996, муваққатан истиқоматкунандаи маҳаллаи Корвони ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба идораи милиса муроҷиат кардааст.

Ғурбатов, ки зери имзои Абдуллоҳи Ғурбатӣ барои расонаҳо матолиб таҳия мекунад, арз дошт, ки соатҳои тахминан 21:30 дар наздикии бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе 2 нафар, ки дар рӯй ниқоби тиббӣ доштанд, ба ӯ ҳамла намуда, латукӯб кардаанд.

ВУД бо такя ба хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тибию судии Вазорати тандурустӣ, ҷароҳати Ғурбатов ро “зарари сабуки ҷисмонии ба саломатӣ ҳамбастагӣ надошта”, арзёбӣ кардааст.

“Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ бо моддаи 237 қисми 2 банди “б”КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ таҳти № 38596 аз 14.05.2020 сол оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД таъкид намудаст, ки рафти тафтишоти пешакӣ таҳти назорати доимии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ қарор дорад.

Абдуллоҳи Ғурбатӣ, рӯзноманигори ҷавони хабаргузории “Азия Плюс”, изҳор дошта буд, ки қаблан низ ба далели мавқеъгириҳою таҳияи матолиби журналистӣ мавриди таҳдиди афроди номаълум қарор гирифта буд.

Барчаспҳо:
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода Ҳамроҳ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ