08:18 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (436)
619910

Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷуҳури Тоҷикистон қарори нав дар бораи ташкили Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологиро ба тасвиб расонд

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти расиҷумҳур, Президенти кишвар қарор дар бораи таъсиси Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологиро ба имзо расонд. Қаблан ин Хадамоти нав таъсис як сохтори  вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ буд.

Тибқи қарори мазкур Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ, номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ тасдиқ карда шудааст.

Ҳамчунин дар қарор шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти ба миқдори 36 воҳид ва ду муовини сардор тасдиқ шудааст.

Инчунин ба Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ лимити мошинҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 3 адад муқаррар шудааст.

Ҳамзамон дар қарор таъкид шудааст, ки маблағгузории Хадамот аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус дар мувофиқа бо Вазорати молияи Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Дар қарори мазкур гуфта шудааст, ки вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраргардида қабулу супоридани биноҳои маъмурӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаҳои асосию гардони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологиро таъмин намояд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бояд тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати ду моҳ санадҳои ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мувофиқ намояд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (436)
Барчаспҳо:
тасвиб, хадамот, қарор, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ