07:17 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
662 0 0

Раиси шаҳри Норак дар ҷаласаи ахири ситоди шаҳри қайд кард, ки ҳаракати бештари волонтёрон барои расонидани кумак ба беморону шахсони камбизоат ба роҳ монда шавад

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Норак, ахиран дар бинои ҳукумат шаҳр  таҳти  раёсати раиси  шаҳри  Норак Неъматзода  Маликшо  Маҳмадшо  ситоди  шаҳрӣ  оид  ба  пурзӯр  намудани  чораҳои,  зиддиэпидемикӣ  барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти вируси корона баргузор гардид.

Тавре манбаъ қайд кардааст, зимни ҷаласа масъалаи бе зарурат аз манзили истиқоматӣ набаромадани аҳолӣ, бахусус ҷавонон баррасӣ карда шуд.

Раисҷумҳур Маликшо Неъматзодаро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак таъйин кард

Инчун дар ҷаласаи мазкур раиси шаҳри Норак  таъкид доштааст, ки назорати ҷиддии волидон оид ба кӯча бе ниқоб баромадани фарзандон, тақвияти ҳаракати волонтёрӣ барои расонидани кумак ба беморон ва шахсони камбизоат баррасӣ ва чораҷӯӣ карда шуд.  

Ҳамсунин зикр карда шудааст, ки дастгирии ҳамаҷонибаи кормандони соҳаи тиб, таъмин бо доруворӣ, хлор, хилъатҳои бисёркарата, маводҳои хӯрока аз ҳисоби буҷаи маҳалӣ, дастгирии соҳибкорони маҳалӣ, шахсони соховатпеша дар мадди назари аъзои ситод қарор дошт.

Барчаспҳо:
манзили зист, беморон, камбизоат, кумак, вирус, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ