17:52 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1881 0 0

Қисме аз кормандони соҳаи маориф ва хонандагону донишҷӯён, кормандон ва ронандагони муассисаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, савдогарони бозорҳои фурӯши матоъ ва телефонҳо, кормандони соҳаи хизмати давлатӣ ба карантин фаро гирифта шуданд

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. То имрӯз дар Душанбе аз 863 ҳазор сокини Душанбе беш аз 512 ҳазор нафарашон ба карантин фаро гирифта шуданд, хабар медиҳад шаҳрдории Душанбе.

"Бо мақсади сари вақт пешгирӣ намудан аз бемории сироятии коронавирус (COVID-19) бо қарори Раиси шаҳр Ситоди зиддиэпидемикӣ таҳти сарпарастии бевоситаи Раиси шаҳр бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ ташкил карда шуда, як зумра корҳо ба субут расонда шудаанд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Ҳамин тавр, 403 570 нафар кормандони соҳаи маориф ва хонандагону донишҷӯён, 823 нафар кормандон ва ронандагони муассисаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ бо кам намудани то 65 фоизи шумораи нақлиётҳо дар хатсайрҳо, 12 бозорҳои фурӯши матоъ ва телефонҳо ва 661 нуқтаҳои хизматрасонӣ бо шумораи 12 818 нафар кормандон ва теъдоди мизоҷони онҳо дар як рӯз 73 786 нафар ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Ба ғайр аз ин, то 30 фоизи кормандони соҳаи хизмати давлатӣ бо шумораи 2 253 нафар ва то 10 фоизи сокинони пойтахт, ки 86 296 нафарро ташкил медиҳад, ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Дар маҷмӯъ, то имрӯз зиёда аз 512 ҳазор сокинони пойтахт ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Тибқи нақшаи генералии тасдиқшуда то имрӯз ҳудуди заминҳои шаҳри Душанбе 203,18 километри мураббаъро ташкил медиҳад.

Шумораи умумии аҳолӣ бошад, ба ҳолати 1 январи соли 2020 дар маҷмӯъ 863 ҳазор нафарро ташкил карда, дар қаламрави шаҳр 104 маҳалла бо 172 ҳазор оила, 3 300 адад биноҳои баландошёна ва 39 113 ҳавлиҳои инфиродӣ мавҷуд мебошад.      Дар шаҳр 340 муассисаҳои таълимӣ бо фарогирии 20 288 омӯзгорону мураббиён ва 383 282 муҳассилину тарбиятгирандагон фаъолият доранд.

Ҳамчунин, дар шаҳр 61 муассисаҳои тандурустӣ бо фарогирии 12 478 нафар кормандон, 37 адад муассисаи фарҳангӣ бо 844 нафар корманд ва 103 адад ташкилоту иттиҳодияҳои динӣ фаъолият менамоянд.

Агентии омор: дар Тоҷикистон занон нисбат ба мардон бештар умр мебинанд

Дар рушди иқтисоди шаҳр 464 корхонаи саноатӣ, 42 683 субъекти хоҷагидор, 35 222 соҳибкори инфиродӣ, 2 878 мағоза, 540 муассисаҳои хӯроки умумӣ ва 30 бозорҳои истеъмолӣ саҳмгузор мебошанд.

Шумораи умумии кормандон дар ҳама соҳаҳо 167 568 нафарро ташкил медиҳад.

 

Мавзӯъҳои асосӣ