14:59 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
220 0 0

Дар ин бора Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҳамтои белорусиаш сӯҳбат кард

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Вазирони тандурустии Тоҷикистон ва Белорус масъалаи ҳамкорӣ дар мубориза бо коронавирусро баррасӣ карданд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Гуфта мешвад, сӯҳбат имрӯз анҷом дода шуда, масъалаи пешгирӣ ва табобати гирифторони сирояти COVID-19 дар меҳвари суҳбати телефонии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Вазири тандурустии Ҷумҳурии Беларус Владимир Караник қарор дошт.

"Бо назардошти вазъи кунунии ташвишовари бемории COVID-19 дар ҷаҳон вазирони тандурустии ду кишвар зарур донистанд, ки дар самти пешгирӣ ва табобати гирифторони ин вирус ҳамкории зичро ба роҳ монанд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои пешгирӣ ва табобати гирифторони сирояти COVID-19, бистаринамоии беморон ва ташкили видеоконфронсҳоро бо иштироки мутахассисони ду кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади омӯхтани таҷрибаи кишварҳои гуногун дар самти пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории COVID-19 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазирони як зумра давлатҳо ва намояндагони созмону ташкилотҳои марбута, мусоҳиба кардааст.

Кори шабонарӯзии вазир: Абдуллозода аз вазъи беморхонаҳои чанд шаҳру ноҳияҳо ошно шуд

Аз ҷумла  Абдуллозода бо вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алишер Шадманов, директори минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Ҳанс Ҳенри Клюге ва ғайраҳо суҳбати телефонӣ анҷом додаааст.

Мавзӯъҳои асосӣ