21:48 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
268 0 0

Мақомоти Хатлон бо такя ба маълумоти оморӣ иттилоъ доданд, ки ҳамасола ҳудуди 60 фисади маҳсулоти кишоварзии мамлакатро сокинони вилоят истеҳсол карда, дар фаровонии бозори истеъмолӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар саҳми арзанда мегузоранд

ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik.  Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон аллакай кишоварзон ҳосили якчанд намуди зироатҳоро ҷамъоварӣ намуда, кишти такрории зироатҳоро анҷом медиҳанд, хабар додаст дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон.

"Сокинону кишоварзони ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон дар самти истифодаи босамари ҳар ваҷаб замини корам таҷрибаи бой дошта, баҳри рӯёнидани ду-се ҳосил дар як сол талош менамоянд", - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ илова намуд, ки имрӯзҳо деҳқонон баробари сари вақт анҷом додани кишти асосӣ, ҳамчунин баҳри ҳарчи зудтар ҷамъоварӣ намудани ҳосили зироатҳои дар давраи тирамоҳ кишткарда кӯшиш намуда, ният доранд, ки дар кишти такрорӣ низ аз заминҳои холигашта васеъ истифода баранд.

Мавзӯъҳои асосӣ