15:07 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (440)
296301

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома аз шаҳрвандони Тоҷикистон дархост намудааст, ки танҳо ба омори вазорат дар мавриди сироятёфтагон, шифоёфтагон ва қурбониёни коронавирус дар кишвар, ки ҳамарӯза нашр мешавад такя кунед

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз хабару гузоришҳои аксар сомонаҳои иттилоотӣ дар мавриди пахши хабару гузоришҳои бардурӯғ дар бораи коронавирус шадидан изҳори нигаронӣ намудаааст.

Ба иттилои котиботи вазорати мазкур, аксар саркардагони гурӯҳҳои ифротӣ, ки берун аз ватан қарор доранд ба ҷои ҳамоҳангӣ бо ҷомеаи башарӣ дар ростои муқовимати амаливу равонӣ алайҳи ин беморӣ  ва паёмадҳои он, куллан бо амалҳои баръакс, яъне ташаннуҷофарии иҷтимоӣ ва интишори овозаҳои бардурӯғу муғризона ба хотири тира кардани фазои афкори ҷомеа дар кишвар талош доранд.

Омори тозаи Вазорати тандурустӣ: 29 фавт ва 907 мубталои коронавирус дар Тоҷикистон

"Онҳо аз тариқи сомонаҳои иттилоотии хеш ба таври мунтазам бо баҳонаи ҳушдори мардум аз хатарҳои коронавирус нисбат ба Ҳукумати кишвар туҳматпароканӣ мекунанд", - омадааст дар хабар.

Зимнан, вазорат аз он изҳори нигаронӣ намудааст, ки ин гурӯҳҳо бо мақсади нокифоя нишон додани иқдомоти Ҳукумат дар самти пешгирӣ ва табобати гирифторони ин беморӣ, омори расмии кишвар ва вазъи карантиншудагонро ғайри қобили қабул нишон медиҳанд.

Ба ҳамин минвол Вазорати тандурустӣ ба аҳолии мамлакат муроҷиат намудааст, ки ба он хабару гузоришҳое, ки имрӯзҳо аз ҷониби баъзе  сомонаҳои иҷтимоӣ вобаста ба фавти  шаҳрвандони мамлакат аз  бемори коронавирус ба нашр мерасанд, бовар накунанд.

"Чунин хабарҳои бардурӯғ танҳо ба хотири тарсу ҳароси шаҳрвандон ва ба таҳлука афтодани онҳо нашр мешаванд", - зикр мекунад манбаъ.

Вазорат тандурустӣ мегӯяд, маркази матбуоти вазорат ҳамарӯза омори сироятёфтагон ва фавтидагони ин бемориро дар  кишвар ба нашр мерасонад ва мардум бояд танҳо ба омори ин ниҳод такя кунад.

 

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (440)

Мавзӯъҳои асосӣ