08:59 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3632 0 0

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори афзоиш, фавт ва шифоёфтагон аз маризии сироятии коронавирусро нашр намудааст

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз, 17 майи соли равон дар мамлакат  4196 нафар  зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 493  нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Бино ба иттилое, ки Маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон дар миён гузошт, то соати 17:30 дақиқаи 17 май дар мамлакат 1524  ҳолати сирояти коронавирус ошкор гардида, аз ин беморӣ 39  нафар фавтидаанд.

Омори тозаи Вазорати тандурустӣ: 29 фавт ва 907 мубталои коронавирус дар Тоҷикистон

Ин ниҳод аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя ва ҳамзамон дар ҳолати пайдо гардидани нишонаҳои ин беморӣ фавран ба табиби оилавии минтақаи хеш муроҷиат намоянд.

Мавзӯъҳои асосӣ