18:35 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
36931

Масъулони нашрияи тоҷикии шаҳри Самарқанд мавсум ба Овози Самарқанд бо интишори матлабе дар шароити густариши коронавирус бо мардуми Тоҷикистон ибрози ҳамбастагӣ карданд

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik.  Дар сомонаи нашрияи Овози Самарқанд, Баҳодур Раҳмонов ва Неъмон Маҳмудӣ дар як паёме ба намояндагӣ аз мардуми Узбакистон ва тоҷикони Самарқанд дар шароити густариши коронавирус дар Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки дар чунин рӯзҳои сахт дар канори мардуми тоҷик хоҳанд монд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Онон бо ишора ба ирсоли таҷҳизот, колоҳои беҳдоштӣ ва пизишкони мутахассис ба Тоҷикистон барои кумак ба тоҷикҳо, оғози сохти бемористони саҳроӣ ба дасти муҳандисони узбакистонӣ дар шаҳри Душанбе ба дастури Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, ин иқдомро исботи амалии равобити дӯстона ва бародаронаи мардумони ин ду кишвар унвон кардаанд.

7 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 дар Ӯзбекистон: cе мариз аз Тоҷикистон ворид шуданд

Дар ин паём таъкид шудааст, ки дӯстии мардумони ду кишвар таърихӣ ва дерина мебошад ва дар шароити сахти густариши коронавирус дар Тоҷикистон, мақомот ва мардуми Узбакистон дар оянда низ кумакҳои бештаре ба тоҷикҳо хоҳанд расонд.

Барчаспҳо:
ҳамбастагӣ, Тоҷикистон, вирус, нашрия, тоҷикӣ, Самарқанд

Мавзӯъҳои асосӣ