21:50 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1381 0 0

Мақомоти шаҳи Хуҷанд эълон кард, ки корвони иборат аз 140 мошини пурбор аз пойтахти Тоҷикистон ба вилояти Суғд расид

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибони ҷумҳурӣ ва нафароне, ки ба бемории короновирус  гирифтор шудаанд, дар корвони иборат аз 140 мошини пурбор кумаки моддии аз пойтахти кишвар ба вилояти Суғд расида омад.

“Ба ҳамаи шахсони мубталои бемории вируси нав ва табибони 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар ҳаҷми 900 тонна маводи хӯрокворӣ бо маблағи қариб 6,5 миллион сомонӣ дастрас мегардад”, - таъкид доштааст манбаъ.

Манбаъ қайд кардааст, ки маводҳои озуқаворӣ асосан аз молҳои ниёзи аввал — орд, биринҷ, равған, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар хӯрокворӣ иборат аст.

Ҳамзамон мақомоти шаҳри Хуҷанд зикр кардааст, ки дар қатори мошинҳои маводи озуқаворӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд инчунин маводи зарурии доруворӣ оварда шуда, ба шаҳру навоҳии вилоят тақсим гардид.

“Илова ба маводи доруворӣ ба табибони беморхонаҳои вилоят сару либоси тиббӣ, ниқоб, дастпӯшак, асбобҳои муҳофизатӣ, моддаҳои безараргардонии антисептикӣ ва дигар воситаҳои техникии тиббӣ кумак карда мешавад”, - таъкид дошт манбаъ.

Мақомоти шаҳри Хуҷанд афзудааст, ки кумаки зикршуда табибон ва тамоми беморони ба вируси корона мубталошудаи шаҳру навоҳии вилояти Суғдро фаро гирифта мегирад.

Инчунин мнабаъ зикр кардааст, ки бо мақсади ба таври шаффоф, мақсаднок ва суроғавӣ дастрас намудани маводи доруворӣ ва молу маҳсулоти хурокворӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби аъзои Ҳукумати кишвар, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории короновирус ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.

Барчаспҳо:
мақомот, Суғд, пойтахт, Корвон, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ