16:17 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
105 0 0

Омӯзишҳои фосилавӣ аз тарафи роҳбарони маҳфил тариқи видеоӣ ва барномаҳои таълимӣ омӯзонида шуда, кӯдакон супоришҳои омӯзгоронро иҷро намуда, аз устодон машваратҳои зарурӣ мегиранд

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Дар Суғд кӯдаконро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба маҳфилҳои омӯзишӣ ҷалб мекунанд, гузориш медиҳад "Ховар".

Бино бар иттилои манбаъ, Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар ҳамдастӣ бо Раёсати маорифи вилоят шурӯъ аз 1 май фаъолияти маҳфилҳоро ба тариқи фаъолияти фосилавӣ ба роҳ мондааст.  

 

"Аз ҷониби роҳбарони маҳфилҳои Марказ бо истифода аз интернет тариқи шабакаҳои иҷтимоии viber, Instagram ва барномаи Googleclassroom гурӯҳ-маҳфилҳои фосилавии мухталиф, чун дӯзандагӣ, қаннодӣ, бофандагӣ, рӯзгордорӣ, сӯзанидузӣ, қолинбофӣ, рассомӣ, техникони ҷавон, авиамоделӣ, автомоделӣ, бофандагӣ, машшотагӣ, гулдӯзӣ ва омӯзиши забони русӣ ташкил карда шуда, омӯзишҳо тибқи ҷадвал ба роҳ монда шудаанд", - гуфтааст роҳбари марказ.

Омӯзишҳои фосилавӣ аз тарафи роҳбарони маҳфил тариқи видеоӣ ва барномаҳои таълимӣ омӯзонида шуда, кӯдакон супоришҳои омӯзгоронро иҷро намуда, аз устодон машваратҳои зарурӣ  мегиранд.

Гуфта мешавад, то имрӯз беш аз 200 нафар хонандагон ба 16 гурӯҳи маҳфилҳои фосилавӣ аъзо гардидаанд. Аъзои маҳфили дӯзандагӣ дар шароити хона аз омӯзгорон тарзи омода намудани ниқобҳои ҳимоятиро омӯхта, худ ва хонаводаашонро бо онҳо  таъмин карда истодаанд.

Ба мактаб аз 17 август: шарҳи вазорат аз фармоиши махсуси вазири маориф

Мавзӯъҳои асосӣ