11:31 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
586 0 0

Вазорати тандурустӣ эълон доштааст, ки табибони вилояти Суғд, ки дар марҳилаи аввали мубориза бо бемории каронавирус қарор доштанд, қарантинаро дар осоишгоҳи Юсуфзодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров паси сар мекунанд

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон қайд кардааст мақомоти вилояти Суғд ба масъалаи ҳифзи саломатии табибон эътибори аввалиндараҷа дода, тамоми тадбирҳоро андешида истодааст, то ки пеши роҳи паҳншавии бемориҳои сироятӣ бигирад.

Тибқи иттилои манбаъ, бо ташаббуси раиси вилояти мазкур Раҷаббой Аҳмадзода осоишгоҳҳои вилоят барои гузарондани давраи карантини табибоне, ки дар марҳилаи аввали мубориза бо бемории каронавирус қарор доштанд омода карда шуд.

“Дар осоишгоҳи Юсуфзодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва маркази солимгардонии бемориҳои дил дар шаҳри Хуҷанд кормандони соҳаи тиб бо тамоми шароитҳои зарурӣ фаро гирифта шуда давоми 14 рӯз давраи карантиниро паси сар менамоянд”, - қайд намудааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки имрӯз корвони иборат аз 140 мошини пурбор аз пойтахти Тоҷикистон ба вилояти Суғд расид.

Маводҳои озуқаворӣ асосан аз молҳои ниёзи аввал — орд, биринҷ, равған, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар хӯрокворӣ иборат аст.

Ҳамзамон мақомоти шаҳри Хуҷанд зикр кардааст, ки дар қатори мошинҳои маводи озуқаворӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд инчунин маводи зарурии доруворӣ оварда шуда, ба шаҳру навоҳии вилоят тақсим гардид.

Илова бар ин маводи доруворӣ ба табибони беморхонаҳои вилоят сару либоси тиббӣ, ниқоб, дастпӯшак, асбобҳои муҳофизатӣ, моддаҳои безараргардонии антисептикӣ ва дигар воситаҳои техникии тиббӣ кумак карда мешавад.

Барчаспҳо:
шароит, Бобоҷон Ғафуров, осоишгоҳ, мубориза, вирус, Суғд, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ