Ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон: лоиҳаи қонуни мубориза бо фасодро баҳс карданд

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание парламента Республики Таджикистан
Здание парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷаласае, ки имрӯз шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор намуд, ду лоиҳа, ки яке аз он дар бораи мубориза бо фасод буд, баррасӣ гардид

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Имрӯз, 18 май Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҷаласаи навбатиашро баргузор намуд, гузориш медиҳад дафтари матбуоти маҷлис.

Бино бар иттилои манбаъ, вакилон дар ҷаласа лоиҳаи ду қонун, "Дар бораи муқовимат ба коррупсия" ва "Дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт" - ро баррасӣ карданд.

"Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба коррупсия" асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст", - изҳор доштанд узви Шӯрои маҷлис.

Раиси Маҷлиси намояндагон аз бемористон мураххас шуд

Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт"  иброз гардид, ки он асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии суғуртаи ҳатмии масъулияти гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиётро муқаррар мекунад.

Зикр гардид, ки лоиҳаи мазкур ба таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои ҷабрдидагон оид ба ҷуброн намудани зараре, ки ба ҳаёт, саломатӣ ва ё молу мулки онҳо зимни истифодаи воситаҳои нақлиёт расонида шудааст, равона гардидааст.

Баргузории нахустин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва намояндагон

Дар анҷом аз рӯи масъалаҳои  муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Лентаи хабарҳо
0