20:40 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
4848 0 0

Овозаҳо дар бораи бистарӣ шудани Мавлуда Қаландарзода, раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистонро як манбаъ дар ин ниҳод тасдиқ карда, афзуд, ба иттифоқи ӯ раиси дастгоҳаш Ҷамшед Файзуллозода низ бистарӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, раиси Суди Олии иқтисодӣ ва раиси дастгоҳаш ҷудо – ҷудо дар шифохонаҳои шаҳри Душанбе табобат мегиранд.

Вай афзуд, Мавлуда Қаландарзода, раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон дар Шифохонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, маъруф ба “Инфексионний”, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон ва Ҷамшед Файзуллозода, раиси дастгоҳи ин ниҳод дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” табобат мегиранд.

"Аз рӯи иттилое, ки мо дорем, хушбахтона, сиҳатии ҳарду рӯ ба беҳбудӣ овардаасту марҳалаи шадиди маризиро пушти сар кардаанд. Раиси Суди Олии иқтисодӣ бо ташхиси “пневмония” бистарӣ шудаанду ташхиси раиси дастгоҳ ба мо маълум нест", - гуфт ин манбаъ.

Дар лаҳзаҳои охирини омода шудани ин гузориш ба Sputnik Тоҷикистон ин имкон фароҳам омад, ки Ҷамшед Файзуллозода, раиси дастгоҳи Суди Олии иқтисодиро пайдо кунем. Вай гуфт, тақрибан 7 рӯзи қабл пас аз пайдо шудани аввалин алоими шабеҳ ба "вируси корона" ба духтур муроҷиат кард ва ӯро ба Шифохонаи "Истиқлол" интиқол доданд.

"Он ҷо ташхис доданд, ки роҳҳои нафасам шамол кашидаанд. Як муддат нафастангӣ ҳам доштам. Сипос аз пизишкон ва ҳамшираву тамизкорони шифохонаи “Истиқлол”, ки аз мо муроқибати хуб карданд ва як рӯзи қабл банда аз он ҷо рухсат шудам. Аз мардуми шарифи Тоҷикистон хоҳиш мекунам, ки тамоми қоидаҳои гигиенаро риоя кунанд ва мувозиби сиҳатии худ бошанд", - гуфт Ҷамшед Файзуллозода.

Мавлуда Сатторӣ Қаландарзода дар интихоботи парлумони соли 2015 аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров №14 – и вилояти Суғд вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати V интихоб шуда, 10 феврали соли 2017 ба курсии раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон такя задааст.

Дар ҳамин ҳол, мавсуф сеюмин мансабдори баландмақоми Тоҷикистон аст, ки бо маризии "пневмония" ё илтиҳоби шуш дар Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе бистарӣ мешавад.

Қаблан Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон пас аз як ҳафтаи табобат дар Маркази миллии илмии узв ва бофтаҳои инсон ба хона рухсат шуд.

Бино ба иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, мавсуф шурӯъ аз 9 то 16 бо ташхиси илтиҳоби дутарафаи шушҳо дар ин марказ табобат гирифт.

Як рӯзи қабл ҳамин вазорат аз шифо ва русхсат ёфтани Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ба истилоҳ, шахси сеюми давлати Тоҷикистон, хабар дод.

Бино ба ин манбаъ, Маҳмадтоир Зокирзода аз 5 то 15 майи соли равон бо ташхиси илтиҳоби шуш дар Шифохонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе табобат гирифтааст.

Ин ду баландмақоми Тоҷикистон зимни паёми вижа, ки дар сомонаи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нашр шудааст, аз роҳбарияти вазорат ва сартабиби шифохонаи фавқуззикр - Хуршед Ҳабибзода изҳори сипос кардаанд.

Аммо дар вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон маризии Мавлуда Қаландарзода, раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистонро таъйид ё такзиб накарданд. Ҳамоно интизор меравад, ки як сипосномаи дигаре низ аз номи ӯ пахш шавад.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
Барчаспҳо:
табобат, раис, вазир, беморӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ