13:01 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
213810

Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд мегуяд, муроҷиати сокинон собит месозад, ки мавридҳои сироятёбӣ ба “илтиҳоби шуш” давоми як ҳафтаи охир хеле кам шудааст

ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Мирзонабӣ Мирзоҳошимов, сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар Хуҷанд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, бандубасти омори дар як ҳафтаи охир ҳокӣ аз он аст, ки сироятёбии сокинон ба бемории “илтиҳоби шуш” то ба 196 ҳолат кам шудааст.

“Давоми як ҳафта, яъне аз рӯзи 11 то 17 -уми май ба сататсияҳои Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд 339 даъват ё муроҷиати сокинон ба баландшавии ҳарорат ба қайд гирифта шуд. Муайян гардид, сабаби баландшавии 196 нафар аз ин шумора, хуруҷи бемории “илтиҳоби шуш” аст ва ҳамаи онҳо барои табобат ба беморхонаи клиникавии вилояти Суғд интиқол дода шуданд”, гуфт Мирзоҳошимов.

Бар асоси оморе, ки ин Марказ дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, давоми як ҳафтаи охир дар умум 920 сокини Хуҷанд аз ду тарафи соҳили руди Сир ба аломати бемориҳои гуногун аз ҷумлаи бемории гулӯ, баландшавии фишор, шамолхурдагӣ, баланшавии меъёри диабети қанд ба унвонии сохтори онҳо ба рақами телефони 03 муроҷиат карда, хостори расонидани ёрии тиббӣ шудаанд. Иллати бемории 196 нафар хуруҷи бемории “пневмония” будааст.

Мирзонабӣ Мирзоҳошимов мегуяд бар асоси муроҷиати сокинон, ҳоло ҳодисаҳои сироятёбӣ ба “илтиҳоби шуш” назар ба ду ҳафтаи пеш ба маротиб коҳиш ёфтааст.

“Рӯзҳои охири моҳи апрел ва аввали моҳи май то 70 – 80 нафар муроҷиати сокинон бо ҳолатҳои баландшавии тасф ва гирифторӣ ба бемории “ илтиҳоби шуш” ба қайд гирифта мешуд. Хушбахтона як ҳафтаи охир ин сапти ин маридҳо ба 25-30 ҳолатӣ кам шудааст”, таъкид намуд сартабиб.

Сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ мегуяд, ба роҳ мондани табобати бемории илтиҳоби шуш дар марказҳои саломатӣ дар маҳалҳо ва ҳам гузаронидани корҳои тарғиботии пешгирии бемориҳои сироятӣ дар гашту гузори хона ба хона, ки гуфта мешавад, ҳоло ҳама барои саломатӣ ба по хестаанд, ба коҳишёбии шиддати авҷи ин маризӣ бе таъсири амиқ расонидааст.

Мирзонабӣ Мирзоҳошимов чанде қабл дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон омори муроҷиати сокинон дар рӯзҳои 5 ва 6-уми майро шарҳ дода гуфта буд, ки дар пайи 390 муроҷиати давоми 48 соати ин ду шабанорӯз сапт шуда, 150 нафар бо нишонаҳои хуруҷи бемории “илтиҳоби шуш” ба бемористони клиникавии Суғд интиқол дода шуданд.

Омори 4 рӯз дар Хуҷанд: “илтиҳоби шуш” кам шудааст

Бино ба иттилоъи сартабиб, Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд ҳоло аз 15 бригада ва беш аз 80 табибу мутахассис иборат буда, онҳо ба аҳолии наздик ба 185 ҳазор нафараи маркази вилояти Суғд кӯмаки тиббӣ мерасонанд.

Мавзӯъҳои асосӣ