08:07 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2602 0 0

Комила Рустамова, модари камонвари маъруфи тоҷик Зебинисо Рустамова дар синни 93 солагӣ имрӯз дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пушид

ДУШАНБЕ 18 май – Sputnik. Хабари даргузашти модарро худи Зебинисо Рустамова дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард ва гуфт, “имрӯз рӯзи модари азизам буд шуд ва ҷон ба ҷонофарин супурд. Мо ҳама меҳмони ин дунёем ва рӯзе ба мисли модарам аз ҷаҳон меравем”.

Рустамова гуфт, модараш то ин муддат аз ҳеҷ беморие ранҷ намекашид, вале гоҳ - гоҳ баландшавии фишораш мушоҳида мешуд.

Комила Рустамова, 7 -уми ноябри соли 1927 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, омӯзишгоҳи педагогии занонаи шаҳри Душанберо бо ихтисоси химияву биология хатм кардааст.

Баъд аз хатми омӯзишгоҳ дар соли 1957 дар мактаби № 18 и шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ намудааст. Баъдан дар вазифаҳои директори мактаби № 18, раиси иттифоқи касабаи маорифчиёни шаҳр ва баъдан ҳамчун мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ (собиқ райони Октябр) фаъолият бурдааст.

Дар замони ҷанги бузурги ватанӣ (1941-1945) дар қатори даҳҳо занони дигари тоҷик дар кори фронти ақибгоҳ истоода, дар расонидани маҳсулоти ниёзи аввал ба сарбозону афсарони дар ҷанг қарор доштаи тоҷик шуғл варзидааст.
Ба ин хотир ахиран дар арафаи 75 – солагии Иди Ғалаба дар қатори дигар иштирокчиёну собиқадорон ҷанг бо медали “75 - солагии Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ 1941-1945 сол” и Федератсияи Русия сарфароз сарфароз гардонида шудааст.

Комила модари Зебинисо, Меҳринисо, Зулфинисо, Нуринисо ва Ҳомидҷон Рустамоваҳо мебошад, ки фарзандонаш ҳам ба мисли худаш дар зиндагӣ басо корномаҳои хуберо сапт кардаанд.

Аз ҷумла фарзандаш Зебинисо Рустамова, аз аввалин бонӯи камондори тоҷик аст, ки ҳанӯз дар 15 солагиаш барои сабқатҳо дар риштаи камонварӣ дар тими ҷавонони Шӯравӣ ширкат мекард ва дуруст замоне, ки 19 сола буд ба ҳайати асосии тими Иттиҳоди Шӯравӣ пазируфтанд.

Соли 1975 ин бонуи тоҷик дар нахустин иштирокаш дар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба камонварӣ миёни занон, дар Интерлакени Швейтсария, ҳайати СССР ва ё собиқ Иттиҳоди Шӯравиро ба пирӯзӣ расонду рекорди ҷаҳониро бо номи худ асос гузошт.

Баъд аз ин ҳам дари комёбиҳо ба рӯи ин бонӯи тоҷик боз шуд ва шумори медал ва ҷоизаҳояш аз мусобиқоти ҷаҳонӣ афзудан гирифт.

Зебинисо Рустамова соли 1976 дар бозиҳои олимпии Монтреал пирӯз шуд ва медоли бринҷиро ба ҳамроҳ овард. Худи ҳамон сол буд, ки унвони “Қаҳрамони Аврупо” дар миёни занони камонварро ба номаш сапт кард. Пас аз он Зебинисо Рустамова ба дарёфти ҳашт рекорди ҷаҳонӣ дар ҷодаи камондории занон ва беш понздаҳ ҷоизаи “Қаҳрамони Шӯравӣ” мушарраф гардид ва аз зумраи маъруфтарин ва комгортарин варзишкорони шӯравӣ шинохта шуд.

Зебинисо Рустамова президенти Ассотсиатсияи олимпичиён ба истеъфо рафт

Қарор аст, пагоҳ маросими хоксупории Комила, модари Зебинисо Рустамова дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.

Мавзӯъҳои асосӣ