21:36 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
68311

Феълан барои дӯхтани чунин ниқобҳо 30 нафар донишҷӯён, муаллимон ва дӯзандаҳои маҳаллӣ ҷалб шудаанд, ки дар як шабонарӯз 10 ҳазор адад ниқоб истеҳсол менамоянд

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Бо тавсияи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ бо иловаи оби нуқра шурӯъ намудаанд, хабар медиҳад агентии "Ховар".

Ба иттилои манбаъ, ҳоло барои истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ 30 нафар донишҷӯён, муаллимон ва дӯзандаҳои маҳаллӣ ҷалб шуда, дар як шабонарӯз 10 ҳазор адад ниқоб истеҳсол менамоянд.

Дар Тоҷикистон барои аҳолӣ истифодаи ниқобҳои тиббӣ ҳатмӣ шуд

Ниқобҳои омодашуда ба кормандони донишкада, Ҳукумат ва сохторҳои қудратии шаҳри Панҷакент ройгон тақсим шуда, боқимонда дар дорухонаҳои шаҳр бо нархи дастрас ба фурӯш бароварда шудаанд.

"Айни ҳол 50 ҳазор ниқоб омода буда, дар коргоҳ асосан ду навъи ниқобҳои тиббӣ: яккарата ва бисёркарата бо изофаи маҳлули нуқра омода мешаванд. Дар оянда нақша дорем, ки  шумораи кормандонро дар ин самт зиёд кунем",- изҳор доштаст Фирдавс Наҷмиддинов ректори донишкадаи мазкур ба агентӣ.

Ба гуфтаи ректор, ниқоби тиббии аз оби нуқра омодашуда давоми 24 соат одамро аз бемориҳои тавассути роҳҳои нафас сироятшаванда эмин нигоҳ медорад. Инчунин ҳангоми шустан ва дарзмол намудани ниқоб нуқра қобилияти муҳофизатии худро гум намекунад.

Барчаспҳо:
Фарҳод Раҳимов, тавсия, Панҷакент

Мавзӯъҳои асосӣ