Интригаи 20 рӯз: ку шифоёфтагони "вируси корона"?

© Sputnik / Илья Тимин / Гузариш ба медиабонкОтделение больницы "РЖД-Медицина" перепрофилировали для больных с коронавирусом
Отделение больницы РЖД-Медицина перепрофилировали для больных с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо гузашти 20 рӯз аз эълони аввалин мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” ё CОVID-19 дар Тоҷикистон теъдоди шифоёфтагон аз ин маризӣ ҳамоно маълум нест. Вазнинтарин гирифтори ин вирус то 14 рӯз сиҳат меёбад

ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik, Фахриддини Холбек. 30 апрел бори аввал 15 мавриди гирифторӣ ба "вируси корона" дар Тоҷикистон расман эълон шуд ва бино ба иттилои ахир, рӯзи 19 май мавориди ибтило ба 1936 ва фавт ба 41 нафар расид.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ маъмулан дар баробари ин омор гуруҳҳои гирифторон – сабук, миёна ва вазнин – низ мушаххас мешаванд, ки ҳоло мо аз ин боб ҳарфе намезанем. Аммо теъдоди шифоёфтагон дар Тоҷикистон рӯз то рӯз ба як интрига ё муаммои сарбастае табдил меёбад, ончунон ки гуфтугузору баҳсҳои сари эътироф то эълони аввалин маворид буданд ва ҳам сари худи сиҳати омор ҳоло ҳастанд.

Шифоёфтагони аҷоиб

Оморе, ки ҳамарӯза Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешкаш мекунад, боз як аҷобати дигар дорад ва он ҳам шумораи афроде, ки таҳти назорати табибонанду дар як шабонарӯз шифо ёфта, ба хонаҳояшон рухсат мешаванд.

Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди мубталоёни коронавирус дар Тоҷикистон наздики 2 ҳазор шуд

Тибқи иттилое, ки маркази матбуоти вазорат дирӯз, 19 май, дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошт, теъдоди афроди таҳти назорати табибон 3781 ва дар як шабонарӯзи охир ба хона рухсатшудагон 641 нафар аст. Зоҳиран, инҳо афродеанд, ки дар қарантина қарор доранд, аммо маълум нест, бо чӣ маризӣ, ки шифо меёбанд ва ба хона мераванд.

Ин оморро вазорат аз 1 феврал ба ин сӯ ироа мекунад, аммо овардани он дар баробари гирифторону фавтидагони "вируси корона" чӣ ҳикмат дорад, агар Худову худи вазорат нафаҳманд, шахсан ба муаллифи ин сатрҳо "маълум нашуд, ки ҳеҷ маълум нашуд".

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои мустақили расмии дохилӣ, қабл аз ҳама "Ҷумҳурият" - нашрияи ҳукумати Тоҷикистон, бо дили пуру хотири ҷамъ аз қавли вазорати тундурустиву манобеъи маҳаллӣ аз шифо ёфтани садҳо нафар аз "вируси корона" хабар медиҳанд.

Фаврӣ: шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон зиёд шуд - омори нав

Худи ҳамин рӯз, 19 май, ин нашрия аз қавли Эмомалӣ Мирзоев, директори маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз шифо ёфтани "407 нафари дигар аз коронавирус" хабар дод ва як рӯзи қабл ҳам бо истинод ба Шифохонаи марказии ноҳияи Данғара "бо ҷаҳду талоши хастагинопазири пизишкон" аз шифо ёфтани 133 кас.

Эҳтимолан, ин расонаи муътабари ҳукумати Тоҷикистон низ ҳамон "афроди таҳти назорати табибон" – ро дар назар дорад, ки шифо ёфта, ба хона рухсат шудаанд, зеро агар такя ба он кунем, ба ин натиҷа мерасем, ки ҳоло дар кишвар нақшаи шифоёбӣ аз "вируси корона" аз марзи 100% ҳам убур кардааст.

14 рӯз

Тайи се рӯзе, ки ин мавзӯъро бо мақомоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба миён гузоштем, ба ҳеҷ натиҷае нарасидем. Аз як сӯ, ҳамсуҳбатони мо садҳо нафареро, ки имрӯзҳо аз назорати табибон хориҷ мешаванд, аз ҷумлаи гирифторони "вируси корона" намеҳисобанд.

Жители города Душанбе в медицинских масках на улице - Sputnik Тоҷикистон
Омори тозаи Вазорати тандурустӣ: 29 фавт ва 907 мубталои коронавирус дар Тоҷикистон

Аз сӯи дигар, дар посух ба суоли "оё дар байни 20 рӯзи ахир касе аз гирифторон, ки ҳоло теъдодашон ба марзи 2 ҳазор нафар наздик мешавад, дармон ёфт?" посухи қатъӣ намедиҳанд.

Мутахассисон мегӯянд, маризии "вируси корона" ё CОVID-19 ҳам ба монанди як қатор маризиҳои гузаранда ҳолатҳои сабук, миёна ва вазнинро дорад. Ба қавли Ҳакима Ахмедова, коршиноси аршади озоди вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, мудири шуъбаи риёшиносии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон, ҳар шахс вобаста ба ҳолати гирифториаш табобат мегирад ва хатарро паси сар мекунад.

"Ҳоло тибқи маълумотҳое, ки аз кишварҳои ҷаҳон ироа мешавад, то 60% - и гирифторон ин маризиро сабук мегузаронанд. 3 – 4 рӯз тасф мекунанд, ки бо як табобати сода рафъ мешавад. Ҳолатҳои миёна то 7 – 8 табобат мешаванд. Аммо ҳолатҳои вазнин асосан 14 рӯзи табобат доранд. Дар Русия пас аз 7 – 8 рӯз низ ҷавоб дода истодаанд. Дар ҳама ҳолат боз 14 рӯзи дигар мариз бояд худро қарантина кунад, то пурра сиҳат ёбад ва ба дигарон хатар наофарад", - гуфт Ҳакима Ахмедова.

Миёнаҳо

Зоҳиран, чандин нафаре, ки то ба имрӯз, ба қавли худашон, аз маризии "вируси корона" дармон ёфтаанд, ба Sputnik Тоҷикистон таъйид карданд, ки табобати онҳо дар шифохонаҳо аз як ҳафта зиёд тӯл накашид.

Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон
Аз 76 ба 128: сабти 52 ҳолати нави сироятшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон

Мирсаиди Сатториён, муҳаррири сомонаи "Оила", ки ба қавли худаш, ба "вируси корона" гирифтор шуда буд, 6 рӯз дар шифохонаи "Истиқлол" табобат гирифта, рухсат шудааст.

"Ташхисам бронхит буд, аммо духтур гуфт, ки дар ренген доғҳои пневмония (илтиҳоби шуш) низ аён аст. Аммо мегуфтанд, маризии ман хатарнок нест. Миёна аст. Баъди шаш рӯз пурра шифо ёфтам. Табибон дигарбора ташхис карданду аз беморхона ҷавобам доданд. Ҳозир хубам ва аз чизе шикоят надорам", - гуфт Мирсаиди Сатториён.

Мутахассисоне, ки бо Sputnik Тоҷикистон суҳбат карданд ва нахостанд номашонро зикр кунем, ба ин нукта иттифоқи назар доранд, ки ангезандаи пневмония, маризии дилу қанд ва ғайра, ки аксари фавтҳо аз онҳо гуфта мешавад, маҳз ҳамин "вируси корона" аст, ки ҳоло теъдоди бузурги одамонро дар Тоҷикистон даст ба гиребони маргу зиндагӣ кардааст.

Барномаи рушди СММ барои мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон 600 ҳазор доллар медиҳад

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон низ дар шарҳи рухсат шудани дастикам се баландмақоми кишвар аз шифохонаҳо расман эълон кард, ки онҳо ҳамагӣ 5 рӯз аз пневмония табобат гирифта, сари по ва ба хона рухсат шудаанд. Пас, мантиқан, дар миёни 1936 гирифтори "вируси корона", ки расман таъйид шудаанд, шифоёфтагон буда метавонанд.

Шодихони Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва Sputnik Тоҷикистон гуфт, дақиқан дар ин миён афроди зиёде шифо ёфтаанд ва теъдоди онҳо ҳам назаррас аст.

"Ҳамин ки ба пурра шифо ёфтани онҳо мутмаин шудем, ҳатман эълон хоҳем кард", - гуфт ӯ.

Воқеан, шояд вазорати тандурустӣ мунтазири ҳамон 14 рӯзи пас аз рухсатии маризон асту мехоҳад мутмаин шавад, ки онҳо пурра шифо ёфтаанд ва пас аз он сарпӯшро аз рӯи ин муаммо хоҳад гирифт? Ҳеҷ аҷобате надорад.

Лентаи хабарҳо
0