20:59 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
84710

Ҳавопаймои махсус аз фурудгоҳи шаҳри Маскав соати ҳафти шом парвоз карда, соати чаҳори субҳ дар шаҳри Душанбе фуруд омад

ДУШАНБЕ, 20 мая — Sputnik. Ахиран аз шаҳри Маскав бо як ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Русия ба хотири қарантина банд монда буданд ба Ватан баргаштанд, иттилоъ додааст сомонаи фурудгоҳи Домодедово.

Ҳавопаймо аз фурудгоҳи шаҳри Маскав соати ҳафти шом парвоз карда, аллакай соати чаҳори субҳ дар шаҳри Душанбе фуруд омад.

Бо ин парвози махсус шаҳрвандони Тоҷикистон, ки  аз Русия ихроҷ шуда ва дар Марказҳои нигаҳдории муваққатии Русия қарор доштанд, ба Душанбе баргардонда шуданд. Ҳамчунин бо ин ҳавопаймо ҷасади чанд муҳоҷири тоҷик низ ба Ватан баргардонида шуд.

Ёдрас мешавем, ки қаблан ба далели баста шудани марзҳои Русия ва қатъи парвозҳо бо Тоҷикистон, ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд, натавонистанд ба Ватанашон баргарданд.
Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон маҷбур шуданд дар фурудгоҳҳои шаҳри Маскав шабро рӯз кунанд.

Аммо тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ҳоло дар ҷумҳурӣ барои баргардонидани шаҳрвандони кишвар чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Бояд қайд кард, ки санаи 26 марти соли равон як ҳавопаймои махсуси ширкати “Тоҷик Эйр” аз Тоҷикистон 206 шаҳрванди Русияро ба шаҳри Маскав интиқол дод ва бо ҳамин ҳавопаймо беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон ба Ватан баргаштанд.

Барчаспҳо:
баргардонд, Душанбе, парвоз, фурудгоҳ, Маскав, ҳавопаймо, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ