12:57 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2965 0 0

Маркази матбуоти президенти Тоҷикистон гирифтории Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар ба “вируси корона” – ро рад кард. Мавсуф бегоҳи 20 май зоҳир шуд

ДУШАНБЕ, 20 май – Sputnik. Як манбаъ дар ин марказ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сарвазир сари ҳол буда, субҳи имрӯз дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи тиб ширкат кардааст.

“Рӯзҳои қаблӣ ҳам сари кор буданд. Масруфиятҳои дигар доштанд, ки эҳтимолан дар расонаҳо инъикос наёфта ва ин овозаҳоро ба вуҷуд овардааст”, - гуфт ин манбаъ.

Як корманди телевизиони “Тоҷикистон” низ дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, имрӯз сарвазири Тоҷикистон пас аз мулоқоти президент бо кормандон соҳаи тандурустӣ дар ифтитоҳи чанд корхона ширкат кард.

Дар ҳамин ҳол, ба мушоҳидаи бархе, як ҳафтаи ахир дар бораи сарвазир Қоҳир Расулзода, ки ҳамзамон раиси Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо “вируси корона” ё CОVID-19 мебошад, расонаҳо қариб ки иттилое ҳам пахш накардаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки чанд моҳ ба ин сӯ ин Ситоду ҷаласаву қарорҳо ва раисаш дар сархати хабарҳои расмӣ қарор доранд.

Ҳамзамон интизор мерафт, ки дар ҷаласаи ситоди фаврии ҳолатҳои фавқулодда, ки дар пайи эътирозҳои ноҳияи Хуросон баргузор шуд, шахсан сарвазир ширкат кунад, аммо дар он муовини сарвазир Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ширкат карданд.

Маркази матбуоти президенти Тоҷикистон бо радди ин овозаҳо гуфт, ки то чанд лаҳзаи дигар аксҳои сарвазир аз ширкаташ дар маросими ифтитоҳи як корхона чоп хоҳад шуд. То лаҳзаи омода шудани ин гузориш аксҳо ҳанӯз нашр нашудаанд. Аммо бегоҳи 20 май дар як гузориши тасвирии Маркази матбуоти президенти Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо иттифоқи президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ, ҳамзамон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зоҳир шуд.

Барчаспҳо:
рад, вирус, сарвазир, Қоҳир Расулзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ