23:42 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
969 0 0

Суҳроб Турсунов сармуҳандис ва Муҳаммад Тошматов назоратчии Шабакаҳои барқии шаҳри Конибодом барои даст доштан дар содир намудани ҷинояти ришвадиҳӣ гумонбор дониста шуда, алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст

ДУШАНБЕ, 20 май – Sputnik. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд бо тасдиқи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Турсунов ва Тошматов барои содир намудани ҷинояти порадиҳии тиҷоратӣ гумонбар дониста мешаванд.

 Ин ду масъули идораи барқи Конибодом барои кӯчонидани зеристогоҳи барқӣ аз дохили манзил, аз соҳибхона 20 ҳазор сомонӣ пора талаб намудаанд.

“Гумонбаршавандаҳо дар кӯчонидани зеристогоҳи барқие, ки дар ҳудуди собиқ сехи лимонадбарорӣ воқеъ дар кӯчаи ба номи Бобомансури шаҳри Конибодом, ки айни ҳол ҳамчун манзили истиқоматӣ ба сокини 33 солаи ҳамин шаҳр тааллуқ дорад, аз соҳибмулк 20 ҳазор сомонӣ ба сифати пора талаб намуда, ҳангоми гирифтани 150 ҳазор рубли русӣ дастгир шудаанд”, - гуфт Шарифӣ.

Сухангуи РВКД дар Суғд афзуд, мақомоти милистия дар ҳоле сармуҳандис ва назоратчии Шабакаҳои барқ дар шаҳри Конибодомро дастгир намудаанд, ки онҳо бо истифода аз мақоми мансабии худ ба амали ғайриқонунӣ даст задаанд.

 “Тибқи фарзияи оперативӣ эҳтимол аст, дар алоқамандӣ ба ҷинояти мазкур ба ғайр аз сармуҳандис ва назоратчии барқ, боз олудагии дигар шахсони аз маблағи ришва манфиятдор ошкор шавад”, - гуфт манбаъ.

Ҳоло нисбати гумонбаршудаҳо дар прокуратураи шаҳри Конибодом бо моддаи 279 (ришвадиҳии тиҷоратӣ) и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз карда шудааст.

Барчаспҳо:
парвандаи ҷиноӣ, парванда, ришвадиҳӣ, ҷиноят, содир, Конибодом, барқ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ