22:59 04 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.56
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
300101

Иди Рамазонро имсол дар Тоҷикистон рӯзи 24 май таҷлил мекунанд. Дар ин бора Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имрӯз қарор баровард

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Рӯзи таҷлили иди саиди Фитр дар Тоҷикистон эълон шуд.

Сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҶТ Афшин Муқим ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи таҷлили иди саиди Фитрро дар Тоҷикистон - 24 май муқаррар кард.

Дар ин қарор гуфта мешавад, вобаста ба шароити пешомада, ҳар як намозгузор дар вақти намози ид дар манзили худ ба зикру ниёиш ва дуруду дуо машғул шавад.

Тибқи ин қарор бо дарназардошти вазъи кунунӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ садақаи фитр ба ниёзмандону бенавоён ва закот дар баробари ба ниёзмандону маъюбон, ятимон, инчунин ба суратҳисоби махсуси ёрӣ ба беморони COVID-19 супорида  шавад.

Иди Рамазон яке аз ҷашнҳои марказии мардуми мусалмон ба шумор меравад. Тибқи тақвими мусалмонӣ рӯзҳои ид ҳарсол иваз мешаванд.

Рамазон - 2020 дар Тоҷикистон: тақвим аз аввал то охир

Рӯзҳои Идҳои Қурбон ва Рамазон аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин муайян карда мешаванд. Дар Тоҷикистон ин корро Шӯрои Уламои кишвар анҷом медиҳад.

Имсол моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон аз рӯзи 24 апрел оғоз шуд. Дар давоми ин моҳи муборак мусалмонон аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб аз хӯрдану ошомидан худдорӣ мекунанд.

Барчаспҳо:
Иди Рамазон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ