Раҳмон гуфт, дар бархе ноҳияҳо коронавирус нест ва шарҳ дод чаро-видео

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ аз норозигии мардум аз бархе табибону муассисаҳои тиббӣ гуфт. Ӯ инчунин шарҳ дод, ки чаро дар бархе шаҳру навоҳии кишвар коронавирус нест

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Раисиҷумҳур ба аҳамияти муомилаи хуб бо мардум таъкид намуда, изҳор дошт, ки ин 50 фоизи табобат аст ва аз баъзан сӯзандору беҳтар мебошад.

Доктор проверяет панель управления аппаратом искусственной вентиляции легких  - Sputnik Тоҷикистон
“Камолид” ва “Седармона”: олимони тоҷик дастгоҳи нафсдиҳиву ду доруи зиддивирусӣ сохтаанд

Ӯ дар хитоб ба табибон илова намуд, ки  дар марҳилаи ёрии таъҷилии аввалия, вақте занг мезананд, назди шумо меоянд, мардумро ноумед кардан даркор нест, дар муассисаи шумо, ки ҷой нест, роҳро нишон додан даркор.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон, имконияти хеле васеъ барои бистарӣ ва табобат кардани маризон фароҳам шудааст ва далел овард, ки танҳо дар Душанбе зиёда аз 3200 ҷойи изофавии эҳтиётӣ муҳайё карда шудааст.

Раҳмон: таҳлил кардам, пастшавии беморӣ шуруъ шудаст

Раисиҷумҳур илова намуд, ки бар асоси таҳлилҳояшон пастшавии шиддати беморӣ аллакай шуруъ шудааст.

“Агар корҳоро дуруст ба роҳ монем, заҳмат кашем, дар ҳафтаҳои наздик ба ҳадафҳои худ мерасем”, - пешгӯӣ кард Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз хатари коронавирус барои беморони саратон, диабети қанд, фарбеҳӣ, илтиҳоби шуш ва ғайра зикр намуда, афзуд, ки масъулини тандурустӣ бояд ба мардум тарзи ҳаёти солимро ташвиқ кунанд.

Насиҳати Раҳмон барои кам хӯрдани нон

Раисиҷумҳур аз хатарҳи фарбеҳию камҳаракатӣ ҳушдор дода, зарур хонд, ки мардум ба тарзи истеъмоли ғизо аҳамият диҳанду нонро кам истеъмол кунанд.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон гуфт, таҳлил кардааст, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ин вирус умуман вуҷуд надорад ва афзуд, ки ин ноҳияҳо асосан кишоварзиянд.

“Ноҳияҳои кишоварзиянд, мардум меҳнат мекунанд, заҳмат мекашанд, хунашон кор мекунад, на фарбеҳ астанд, на диабети қанд доранд, на илтиҳоби шуш доранд ва на ба ин вирус гирифтор мешаванд.  Яъне иммунитети баланд доранд. Нест, дар бисёр шаҳру ноҳияҳои мамлакат ин вирус вуҷуд надорад”, - изҳор дошт Раҳмон.

Ӯ такрор кард, ки бояд ба мардум фаҳмонем, ки як мушкили дигар дар Тоҷикистон фарбеҳӣ аст, ки ба дигар бемориҳо оварда мерасонад.

Раисиҷумҳур изҳор дошт, ки коронавирус дар сурати  набудани бемориҳои вазнинкунандаи вазъ табобатшаванда аст.

Лентаи хабарҳо
0