18:10 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (421)
47920

Ширин Исматуллозода муовини сарвазири Тоҷикистон ба хотири пешгирӣ аз маризии сироятии коронавирус бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Ширин Исматуллозода, намояндаи масъули Ҳукумати Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 дар вилояти Суғдро баргузор намуд, хабар медиҳал агентии "Ховар".

Ба иттилои манбаъ, муовини сарвазири Тоҷикистон бори дигар дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон бобати пешгирӣ аз паҳншавии маризии коронавиусро ба табибон ва роҳбарони муассисаҳои тиббии вилоят расонид.

Фаврӣ: шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон зиёд шуд - омори нав

Муовини сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода раёсати тандурустии вилоятро вазифадор намуд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат дар беморхонаҳои аз бемории сироятӣ холишуда корҳои безараргардониро оғоз намуда, ин муассисаҳоро тадриҷан ба ҳолати пешинаи муқаррарӣ баргардонанд.

Зимнан, номбурда ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки нисбат ба ин беморӣ ба бепарвоӣ роҳ дода нашавад.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки сафари кории масъули Ҳукумати Тоҷикистон Ширин Исматуллозода барои пешгирии бемории COVID-19 дар вилояти Суғд давом дорад.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (421)
Барчаспҳо:
маризӣ, пешгирӣ, ҷаласа, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ