01:02 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
2211 0 0

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо нашри як хабари хушоянд аз шифо ёфтани 1008 нафар тоҷикистониён аз вируси COVID -19 хабар дод

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Дар дармонгоҳҳои Тоҷикистон феълан 3253  нафар  зери назорати табибон қарор доранд, хабар медиҳад котиботи Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи ахир боз 611 нафар аз ин вирус шифо ёфта, аз бемористоҳо мураххас шуданд. Ба ҳамин минвол, теъдоди умумии шифоёфтагон аз маризии коронавирус дар Тоҷикистон ба 1008 нафар баробар шудааст.

Фаврӣ: шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон зиёд шуд - омори нав

Гузашта аз ин, вазорат теъдоди қурбониёни ин маризиро 44 нафар арзёбӣ каард.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя  намоянд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
Барчаспҳо:
сиҳатӣ, маризӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ