Ҷашнҳои рӯзи 22 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 22 мая
День 22 мая - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи бисту дуюми май ҳамчун Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ, дар Яман иди миллӣ - Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 22 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1846 дар Ню-Йорк бузургтарин Агентии иттилоотии байналмилалӣ Associated Press таъсис дода шуд.

Рӯзи 22 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1940 бо Қарори Прездиуми Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ медали тиллоии "Серп ва Молот" — нишони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ таъсис дода шуд.

День 21 мая - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 21 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гертсоггарии Бузурги Люксембург муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

Соли 2009 дар арафаи таҷлили Соли бузургдошти Имоми Аъзам (р) дар шаҳри Ҳисор Маркази фарҳангию илмии ба номи Имоми Аъзам ба истифода дода шуд.

Соли 2009 дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бюрои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ва фонди "Марҷон" намоиши СҲШ "Кӯдакон расм мекашанд" баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 20 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли  2014 дар шаҳри Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир, робитаҳои байнипарлумонии ду давлат, инчунин вазъияти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд.

Соли 2015  дар шаҳри  Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия, аз ҷумла робитаҳои байниминтақавии ду кишвар баррасӣ шуданд.

Соли 2016 дар саросари мамлакат маъракаи муҳими сиёсӣ — раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба баъзе моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

© Sputnik / Игорь ЛекаркинКонституция республики Таджикистан, архивное фото
Ҷашнҳои рӯзи 22 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Конституция республики Таджикистан, архивное фото

Соли 2017 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо Подшоҳи ин мамлакат Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ва сарони як қатор давлатҳои дигар мулоқот намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 22 май

  • Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ.
  • Дар Яман иди миллӣ – Рӯзи ваҳдати миллӣ.
  • Дар Гаити Рӯзи Истиқлолият ва миннатдорӣ.
Лентаи хабарҳо
0