20:09 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
1876 0 0

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ҳангоми сафари кории худ дар шаҳри Панҷакент ба манзили ду сокини шаҳр ташриф оварда, бинобар даргузашти пайвандон аз бемории “илтиҳоби шуш” ба аҳли хонаводаҳо изҳори тасаллият арз намудааст

ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Сафари Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент рӯзи 21 -уми май сурат гирифтааст ва дар ин сана, ӯ ба манзили ду хонаводае рафта, аз даргузашти Хурсандой Гадоеваи 78 сола ва Робия Дӯстоваи 67 сола аз маризии “илтиҳоби шуш” ба аҳли хонадон изҳори ҳамдардӣ баён намуда, кӯмаки моддӣ дастрас кардааст.

Зимнан ин аввалин аёдат ва арзи таслияти роҳбарон нисбати хонаводаҳое ба ҳисоб меравад, ки дар пайи хуруҷи бемориҳои сироятӣ аз ҷумла “илтиҳоби шуш” наздиконашонро аз даст додаанд.

Ин иттифоқ ҳам баъди он сурат мегирад, ки ахиран раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 уми май дар як ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемори COVID – 19 иштирок намуда ба роҳбарон ва масъулини соҳаи тандурустии кишвар дастур дод, ки барои табобати босифати беморон ва раҳоӣ ёфтан аз вазъи ба вуҷуд омада бо масъулият бошанд.

Маҳмадмурод Сафаров сартабиби беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, Робия Дӯстова, сокини 63 солаи деҳаи Сӯҷина рӯзи 8-уми май аз хуруҷи бемории “илтиҳоби шуш” даргузашта, фавти Хурсандой Гадоеваи 78 сола, сокини кӯчаи ба номи О. Мӯъминова, №78 – и шаҳри Панҷакент аз ҳисоби шиддат гирифтани бемориҳои қанд ва фишорбаландӣ иттифоқ афтодааст.

Бино ба иттилоъи сартабиб ҳоло дар бемористони шаҳри Панҷакент 8 нафар ба иллати “илтиҳоби шуш” зери тадовии духтурон қарор доштаанд.

 “Айни замон вазъи саломатии ҳамаи беморон вазнини миёна арзёбӣ мешавад. Танҳо вазъи бемории 2 нафаре, ки аз шумори 8 нафар хеле вазнин буд, дар ду шабонарӯзи охир ру ба беҳбудшавӣ аст”, - гуфт Сафаров.

Сартабиби Панҷакент вазъи хуруҷи беморӣ дар шаҳрро муътадил арзёбӣ карда, афзуд, ки то имрӯз 78 мавриди бо нишонаҳои бемории “илтиҳоби шуш” бистарӣ шудани сокинон сабт шуда, аз ин шумор 66 нафар шифо ёфта ба манзилҳояшон рухсат шудаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 30-уми апрел нахустин бор аз гирифтории 15 сокини кишвар ба бемории коронавирус хабар дода буд.

Бино ба оморе, ки бегоҳии рӯзи 21-уми май ин Вазорат эълон кард, теъдоди умумии шифоёфтагон ба 1008 нафар баробар шуда, феълан 2350 бемор дар кишвар зери тадовии табибон қарор доранд.

Вазорати тандурустӣ теъдоди қурбониён аз ин бемориро 44 нафар арзёбӣ мекунад.

Ин вазорат аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти бемории мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
Барчаспҳо:
таслият, манзил, сокинон, даргузашт, Панҷакент, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ