20:39 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
113210

Имрӯз, 22 май танҳо дар Душанбе аз ду бемористон 70 нафар баъди табобат ва сиҳат шудан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд

ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Вазорати тандурустӣ имрӯз, 22 май хабар дод, ки имрӯз дар Душанбе 70 нафар аз бемории коронавирус табобат шуда, аз беморхона ба манзилашон ҷавоб шуданд.

"40 нафар аз Муассисаи давлатии Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе  ва ҳамзамон 30 нафар аз беморхонаи “Истиқлол” пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд", - менависад вазорат.

Ба тавзеҳи Вазорати тандурустии кишвар, ба ҳолати 21 - уми май дар ҷумҳурӣ 2350 ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст, ки аз ин миён аллакай 1008 нафар комилан сиҳат шуда, аз бемористонҳо мураххас шуданд.

Выздоровевшие от коронавируса больные вернулись домой
Выздоровевшие от коронавируса больные вернулись домой

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон бар асари маризии сироятии коронавирус се нафар ҷон бохтанд, Ҳамин тариқ бо илова шудани се қурбонии дигар, сафи ҷон бохтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 44 нафар расид. Бояд гуфт, ки як рӯз қабл, санаи 20 - уми май дар Тоҷикистон ягон мавриди фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашуд.

Ҷаласаи ситод: мақомоти Хуҷанд гуфт барои пешгирӣ аз коронавирус чӣ корҳо анҷом дода шуд

Ҳамзамон дар ин рӯз аз вируси COVID - 19, 470 мариз шифо ёфтанд. Имрӯз бошад сафи шифоёфтагон аз 470 ҳолат ба 611 нафар афзоиш ёфт.

Ёдовар мешавем, ки нахустин ҳолати сироятшавӣ ба маризии коронавирус дар Тоҷикистон 30 - уми апрел ба қайд гирифта шуд.

 

 

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)

Мавзӯъҳои асосӣ