01:14 04 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.51
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (485)
578730

Вазири тандурустии Тоҷикистон шахсан ба беморони КОВИД-19 занг зада, аз аҳволашон ва хизматрасонии табибон ба онҳо пурсон шудааст. Афзун бар ин, Абдуллозода шабона ба беморхонаҳои Душанбе рафта, назорат мебурдааст

ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз якчанд беморхонаҳои Душанбе боздид намуда, бо гирифторони коронавирус тариқи телефон сӯҳбат ва аз онҳо аҳволпурсӣ кардааст.

Тавре вазорати тандурустӣ гузориш медиҳад, 21 май Абдуллозода аз марказҳои  саломатии № 9, 10 ва 14-и пойтахт боздид кардааст.

Ӯ дар ҳамин ҷо  бо якчанд бемороне, ки дар рӯйхати марказҳои саломатии мазкур  қарор дошта, дар хонаҳояшон табобат мегирифтанд, суҳбати телефонӣ анҷом додааст.

"Дар суҳбати телефонӣ беморон ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат барои он ки худ шахсан ба онҳо занг зада, аз вазъи саломатияшон пурсон шуд, изҳори сипос намуда, зикр намуданд, ки аз ҷониби табибони марказҳои саломатӣ ба онҳо сари вақт хизмати тиббӣ расонида мешавад", - афзудааст манбаъ.

Вазорат таъкид мекунад, ки  Ҷамолиддин Абдуллозода бо мақсади бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои пойтахт аз наздик шинос шудан, гаштҳои шабона роҳандозӣ намуда,  бо масъулини марказҳои саломатӣ  масъалаҳои баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ, таъмини беморон ва марказҳои мазкур бо маводи тиббӣ,  назорати беморони дар хона табобатгиранда ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Миннатдории Абдуллозода аз Ҳукумати Ӯзбекистон барои фиристодани мутахассисон

 

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (485)

Мавзӯъҳои асосӣ