08:40 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (436)
430 0 0

Дар натиҷаи ҷаласаи навбатии Ситоди мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон на танҳо ба Вазорати тандурустӣ, балки ба Вазорати саноати Тоҷикистон низ чанд супориш дода шуд

ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Ҷаласаи навбатии  ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 май бо роҳбарии сардори ситод Қоҳир Расулзода баргузор шудааст.

Тавре Вазорати тандурустӣ гузориш медиҳад, дар ҷаласа аъзои он, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва сохторҳои марбутаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Дар ҷаласа ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки сатҳу сифати хизматрасониро дар муассисаҳои тиббӣ беҳтар карда, дар замина ба таври мунтазам ба ситоди ҷумҳуриявӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд.

"Вазоратро зурур аст, ки  масъалаи таъмин кардани доруворӣ, либоси муҳофизатӣ ва маводи зиддивирусиро низ дар кишвар муайян карда, рӯйхати онҳоро мунтазам ба ситоди ҷумҳуриявӣ ирсол дорад", - изҳор дошт Расулзода.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки вазорати мазкур лоиҳаи барномаи давлатии рушди саноати дорусозиро ҳарчи тезтар таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор шуд, ки якҷо бо мутахассисони соҳавӣ ҷиҳати дар ҳаҷми зиёд ба роҳ мондани истеҳсоли доруҳои аз гиёҳҳои шифобахш омодашаванда, ниқоб ва либоси безараргардониву санитарӣ тадбирҳои мушаххас андешад.

"Аз хона набароед!": садои баландгӯяки ситоди COVID -19 дар деҳоти Суғд

Ҳамзамон, вазорат механизми таъсиси корхонаҳои хурди давлатиро оид ба истеҳсол ва таъмин кардани беморхонаву марказҳои тиббӣ бо оксигени тоза омӯхта, ба ситоди ҷумҳуриявӣ таклифи мушаххас манзур намояд.

Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати тандурустӣ  дар шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд, ҷиҳати ба роҳ мондани сохтмони беморхонаи касалиҳои сироятӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти тиббӣ  дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ чораҷӯӣ намоянд.

Дастури муовини сарвазир ба вазорату кумитаҳо: ситоди зидди коронавирус ташкил диҳед

Иттилоъ дода шуд, ки феълан дар Душанбе беш аз 30 беморхонаҳо бо 5 ҳазору 284 кат ва беш аз 5 ҳазору 390 табиб ва корманди тиббӣ ба беморони гирифтори коронавирус хизмат мерасонанд.

 

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (436)

Мавзӯъҳои асосӣ