Даъват ба артиш дар Тоҷикистон ба анҷом расид

Обуна шудан
Тибқи Фармони Президент даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ ва аз 1 апрели соли равон оғоз гардида, қабл аз муҳлати муқарраргардида, ки 31 май пешбинӣ шуда буд, ба итмом расид.

ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Даъвати навбатӣ ба артиш дар Тоҷикистон пеш аз мӯҳлат ба анҷом расид, гузориш медиҳад "Ховар" дар истинод ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Манбаъ менависад, масъулини вобастаи даъват ҷиҳати сифатан хуб ташкилу баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳама тадбирҳои заруриро амалӣ намуданд.

Парад ВС Таджикистана к 23 февраля - Sputnik Тоҷикистон
Даъват ба артиш дар Тоҷикистон 85 дар сад иҷро шуд
"Аз ин ҷост, ки маъракаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ қабл аз муҳлат ба итмом расида, наваскарон дар ҳама қисмҳои низомии Артиши миллии мамлакат, аз ҷумла ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа дар фазои дӯстиву бародарӣ ва якдигарфаҳмӣ миёни ҳам хизмат менамоянд", -афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ҳоло дар ҳама қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи мамлакат мувофиқ ба талаботи ҳарбӣ барои ҳайати шахсӣ ё худ наваскарон ошхона, хобгоҳ, китобхона, хонаи дастурӯйшӯӣ, шаҳракҳои васеи варзишӣ, мавзеъҳои махсуси суҳбатороӣ, хонаҳои дидорбинии волидони сарбозон, синфхонаҳои таълимӣ, мавзеъҳои омӯзишии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ, ва дигар шароити зарурӣ муҳайё карда шудаанд.

Бидуни "облава": дар шаҳри Норак 60 ҷавон ба таври ихтиёрӣ ба сафи артиш пайваст

Тибқи Фармони Президент даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 аз 1 апрели соли равон оғоз гардида, қабл аз муҳлати муқарраргардида, ки 31 май пешбинӣ шуда буд, ба итмом расид.

Лентаи хабарҳо
0