13:07 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
388 0 0

Бино бар иттилои вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки аз Украина интиқол дода шуданд, дар осоишгоҳи кӯдаконаи “Барқчиён” ба қарантина гирифта шуданд

ДУШАНБЕ, 22 мая — Sputnik. Шаби 21 май ҳавопаймои украинӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе фурӯд омад. Ин ҳавопаймо 30 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба иллати пандемия дар Украина дармонда буданд, ба Душанбе интиқол дод, иттилоъ додааст вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

“Ба манзури иҷрои нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила ба Ватан баргардонидани шаҳрвандон субҳи 22 майи 2020 дар ҳамкорӣ бо мақомоти Украина 30 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар он кишвар дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати “SkyUp Airlines” аз Киев ба Душанбе баргардонида шуданд”, - гуфт Вазорати хориҷа. 

Мақомоти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир,  дар осоишгоҳи кӯдаконаи “Барқчиён” қарантина шуда, зери муроқибати пизишкон қарор доранд. 

Ҳамзамон таъкид шудааст, ки бо парвози мазкур инчунин беш аз 100 шаҳрванди Украина ва Қазоқистон аз Тоҷикистон тахлия шуданд.

Ёдрас мешавем, ки Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҳукумати кишвар тасмим гирифтааст давра ба давра шаҳрвандони худро, ки ба иллати пандемияи вируси корона дар  кишварҳои мухталиф дармонда буданд, ба Ватан баргардонанд.

Имрӯз хабар расид, ки авохири моҳи май ширкати “Сомон Эйр” ва Fly Dubai бо парвози махсус шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Аморати муттаҳидаи Араб ба ҷумҳурӣ интиқол медиҳанд.

Барчаспҳо:
Ватан, интиқол, Украина, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ