Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Ҳаракати автобусҳо дар Суғд қатъ шуд: сабаб вируси корона ё мушкили иқтисодӣ?

© Дафтари матбуотии раиси шаҳри ХуҷандАвтобусҳои нав аз Русия ба Хуҷанд ворид шуданд
Автобусҳои нав аз Русия ба Хуҷанд ворид шуданд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он, ҳудуди 100 автобус барои сокинон хизмат мерасонд, вале як ҳафта ба ин тараф ҳаракати ин автобусҳо қатъ шудааст

ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Масъулин мегуянд, дастури манъи фаъолияти автобусҳо муваққатӣ буда, дар ҳоли коҳиш ёфтани шиддати бемории вируси корона ва гаштугузори зиёди одамон, ҳаракати онҳо дубора барқарор хоҳад шуд.

Фарҳод Шарипов, директори Корхонаи давлатии комуналии “Нақлиёти шаҳри Хуҷанд” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, манъи ҳаракати автобусҳо дар маркази вилоят ва шаҳру навоҳии атрофи он муваққатӣ аст.

 Ӯ гуфт, дар ҳоли коҳиш ёфтани маризии коронавирус ҳаракати автобусҳо аз нав ба роҳ монда мешавад.

 “Нақлиёти ҷамъиятӣ аз ҷумла автобусҳо аз ҷойҳои ҷамъшавии одамон ба ҳисоб мераванд, ки эҳтимоли сироятёбӣ ба вируси корона бештар аст.  Аз ин хотир ҳаракати автобусҳо муваққатӣ боз дошта шудааст”, - гуфт  Шарипов.

 Аммо манобеъи наздик ба идораи нақлиёти Хуҷанд дар суҳбат ба мо гуфтанд, ки манъи ҳаракати автобусҳо ба далели мушкили иқтисодӣ ба вуҷуд омадааст.

Автобусы в автопарке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хуҷанд аз Русия 25 автобус ворид кард

Манобеъи Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки “дар шароити камшавии гаштугузори сокинон дар кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои Суғд, ҳаракати автобусҳо хароҷоти сӯзишвориро намепушонад ва ба ҷуз ин пардохти маоши ронандагону ёрдамчии онҳо боз як харҷи изофии дигар аст”.

Чанде пеш ҳам мавзӯъи мушкили пардохти ронандаҳои автобусҳои Хуҷанд расонаӣ шуда буд. Ронандаҳо иброз медоштанд, ки ҳади ақал ҳаққи хизмати шаш моҳашонро КВДК “Нақлиёти шаҳри Хуҷанд” пардохт накардааст ва дар чунин шароит чандон шавқи коркуниро ҳам надоранд.

Дар ҳамин ҳол, Олим Очилзода, мудири шуъбаи нақлиёт ва комуникатсияи ҳукумати вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон зикр намуд, ки ҳоло ба ҷои автобусҳо дар Хуҷанд, хизматрасонии мусофирбариро микроавтобусҳо ба иҷро мерасонанд.

 Ӯ гуфт, ҳоло ба хотири пешгирӣ аз хуруҷи бемории коронавирус ҳаракати ҳамаи микроавтобусҳои мусофирбар дар хатсайрҳои байнишаҳрӣ дар Суғд боз дошта шуда, танҳо дар дохили Хуҷанд ҳамарӯза 75 микроавтобус ба кор мебароянд.

“Мо ин миқдор ҳаракати микроавтобусҳоро дар Хуҷанд ба он хотир иҷоза додаем, ки аз ҳисоби зиёд будани шумораи нақлиёт ҷамъшавии одамон камтар ба вуҷуд ояд ва хуруҷи сироятёбӣ ба вируси корона ҳам камтар шавад”, - гуфт Очилзода.

Ин дар ҳолест, ки баъди тақрибан бист соли боз мондани ҳаракати автобусу тролейбусҳо, масъулини ҳукумати шаҳри Хуҷанд, дар соли 2018 барои аввалин бор ҳаракати автобусҳои ҷадидро ба роҳ андохтанд.

Пробирка с тестом на коронавирус в руках - Sputnik Тоҷикистон
Омори нави коронавирус дар Тоҷикистон: рӯзе ки аз КОВИД-19 касе нафавтид

Барои ворид намудани 100 автобуси 8 ва 12 метраи тамғаи “ЛИАЗ”, Бонки ҷаҳонии таҷдид ва рушд ба ҳукумат кам ё беш аз 16  милион эвро қарзи имтиёздор ҷудо кард.

 Аввалин автобусҳо дар кӯчаҳои Хуҷанд дар рӯзи 1 уми августи соли 2018 ба ҳаракат баромаданд ва он замон роҳбарони ҳукумати Хуҷанд аз таъкид мекарданд, ки “ҳаракати автобусҳо ба шаҳри Хуҷанд ҳусни дигар зам менамояд, зеро дар тамоми шаҳрҳои бузурги олам танҳо автобусҳо ба мусофирон хизмат мерасонанд, на микроавтобусҳо".

Бо зикри ин нукта масъулин ба ронандаҳои микроавтобусҳо, ки бо нақлиёти шахсии худ масъулияти хизматрасониро ба иҷро мерасониданд гушзад намдуа, аз тарҳи худ ба қавле ситоиш мекарданд.

Аммо ҳоло бо гузашти ҳамаги ду сол дида мешавад, ки ин тарҳи ҳукуматӣ чандон самараовар набудааст ва масъулияти мусофирбариро боз ҳам ширкатҳои хусусӣ ба иҷро мерасонанд.

Лентаи хабарҳо
0