Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Ҷаласаи СOVID-19 дар ноҳияи Ашт: 35 шифоёфтаву 2 фавт аз 55 сирояти “илтиҳоби шуш”

© Министерство обороны РФ / Гузариш ба медиабонкРабота российских военных врачей в полевом госпитале Бергамо
Работа российских военных врачей в полевом госпитале Бергамо - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи Ашт, то имрӯз 55 ҳодисаи сирояти бемории “илтиҳоби шуш” расман ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 35 нафар шифо ёфта, 2 нафар даргузаштаанд. Айни ҳол 18 нафар дар бемористон таҳти тадовии табибони ноҳия қарор доранд

ДУШАНБЕ, 23 май – Sputnik. Ин рақамҳо зимни баргузории ҷаласаи Ситоди ноҳиявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID-19 аз сӯи масъулин ироа шудааст.

Бино ба иттилоъи Таҳмина Мисробӣ, масъули матбуотии ҳукуматии ноҳияи Ашт, ин ҷаласа бегоҳии дирӯз таҳти роҳбарии Зариф Мирдадо, раиси ноҳия баргузор шуда, дар кори он ҳама аъзоёи ҷаласа ба ҳисоби табибон, муовинони раиси ноҳия вазъи беҳдоштии ноҳияро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

“Муовини ситоди ноҳиявӣ Аниса Ҷалилӣ вазъи эпидемикии ноҳияро бозгӯ намуда иттилоъ доданд, ки аз рӯзи бақайдгирии бемории мазкур дар кишвар дар ноҳияи Ашт 55 нафар бо ташхиси илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумор 35 нафар сиҳат шуда, айни ҳол 18 нафар дар беморхонаи марказӣ таҳти назорати табибон қарор доранд. Ду ҳолати фавт аз беморӣ ба қайд гирифта шудааст”, - иттилоъ медиҳад Мисробӣ.

 Дар ҷаласаи корӣ ҳамчунин омори бистарӣ шудани беморони “илтиҳоби шуш” ба ҳисоби ҷамоату шаҳракҳои ноҳия шарҳ дода шудааст.

Специалист Министерства обороны РФ в полевой биолаборатории, развернутой на авиабазе Орио-аль-Серио в Италии - Sputnik Тоҷикистон
Шумораи дақиқи гирифторони коронавирус маълум мешавад? Ташхисгоҳи нави вирусологӣ дар Суғд

Гуфта шудааст, ки то ин замон дар маҷмӯъ дар беморхонаи марказии ноҳия аз ҷамоати шаҳраки Шайдон 18 нафар, Понғоз 12 нафар, Ориён ва Ашт 5 нафарӣ, Ифтихор 4 нафар, Шодоба ва Ошоба 1 нафарӣ, аз Қисми низомии 0216, 3 нафар бо орезаҳои “илтиҳоби шуш” бистарӣ шудаанд. Ба ҷуз ин ҳоло 175 нафари сокинон таҳти назорати табибони оилавӣ дар манзилҳояшон қарор доранд.

 Дар кори ҷаласаи Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID-19, раиси ноҳия аз ҷумла дар бораи суст назорат шудани танзими нарх дар бозорҳо ва камфаъолии гурӯҳҳои корӣ дар ҷамоатҳо эрод гирифта, дар бораи таъмин будани ҷамоатҳо бо ҳароратсанҷҳои фосилавӣ, назорати риояи реҷаи ниқобӣ аз ҷониби сокинон ва ба роҳ мондани фаъолияти 24 соатаи корӣ дар марказҳои саломатӣ дастур доааст.

Рақамҳо дар бораи сирояти вируси корона, дар ҷаласаи ситоди шаҳру ноҳияҳо баъд аз он сурат мегирад, ки ахиран раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 уми май дар як ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемори COVID – 19 иштирок намуд ба роҳбарону масъулини соҳа дастур дод, ки дар ин бора ҳеҷ чизро аз мардум пинҳон накунанд, балки кушоду равшан маълумотро барои аҳолӣ пешкаш намоянд.

“Ин бемориро ҳукумати ҷумҳурӣ насохтааст, балки  дар ҳама ҷо, ҳатто давлатҳои пешрафтаи дунёро ҳам ин маризӣ  сироят кардааст”, - гуфт раисиҷумҳур.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 30-уми апрел нахустин бор аз гирифтории 15 сокини кишвар ба бемории коронавирус хабар дода буд.

 Бино ба оморе, ки бегоҳии рӯзи 22 - уми май ин Вазорат эълон кард, теъдоди умумии шифоёфтагон ба 1089 нафар баробар шуда, феълан 2551 бемор дар кишвар зери тадовии табибон қарор доранд.

Вазорати тандурустӣ теъдоди қурбониён аз ин бемориро то ин сана 44 нафар арзёбӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0