16:03 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
718 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати 4 мусофир, сокинони ноҳияи Файзобод хабар медиҳад, ки дар натиҷаи бархӯрд бо худрави дигар ҷон бохтанд

ДУШАНБЕ, 23 май – Sputnik. Ҳар чаҳор қурбонии ин ҳодисаи нохуш савори автомашинаи "Опел - Астра" таҳти роҳбарии ронандаи 60 - сола, Абдуллоев Раҳматулл, сокини ҷамоати деҳоти Боғи-Мирии ноҳияи Файзобод буданд, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ронанда аз самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди деҳаи Лолагӣ, ҷамоати деҳоти Вашгирди ноҳияи Файзобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар самти ҳаракати худ бо автомашинаи тамғаи "Шагман", таҳти идораи Ҷобиров Шералии 51 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Д.Алии ҳамин ноҳия, ки дар канори роҳ беҳаракат меистод, бархӯрдааст. 

Садама дар шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд: шаш нафар аз доми марг наҷот ёфтанд

Ба тафсири манбаъ, аснои бархӯрд мусофирони автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" Қаландаров Шукрулло Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1996, Амирзода Марям, соли таваллудаш 2014, Саидова Зебуниссо Буриевна, соли таваллудаш 1964, Қаландаров Ҷумъахон Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1999, сокинони ҷамоати деҳоти Боғи-Мирӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Ронандаи автомашинаи мазкур Абдуллоев Р.Қ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Барчаспҳо:
ҳалок, мусофир, ронанда

Мавзӯъҳои асосӣ