16:02 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
210 0 0

Аз миёни кишварҳои имдодрасон, ки давоми 4 моҳи ахир ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона ирсол намуданд, Ӯзбекистон дар мақоми аввал қарор дорад

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Давоми чор моҳи ахири соли равон ба Тоҷикистон аз ҷониби 43 кишвар, кумакҳои башардӯстона ирсол гардид, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.

Ба иттилои манбаъ, кишварҳои имдодрасон ба Тоҷикистон  ба маблағи 7,7 миллион доллар кумак фиристодаанд.

Дар чор моҳи ахир, Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор тонна кумакҳои гуманитариро дарёфт кард. Кумакҳои ирсолшуда аз орду равған, доруворӣ, маводҳои тиббӣ ва дигар маҳсулотҳо иборат буданд.

Кумаки башардӯстона: Тоҷикистон ба маблағи 6 миллион доллар маводи доруворӣ гирифт

Зимнан, аз миёни кишварҳои кумакрасон ба Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мақоми аввал қарор дорад. Зеро танҳо дар чор моҳи ахир, Тоҷикистон аз ҳамсоякишвари Ӯзбекистон ба маблағи 2,5 миллион доллар кумакҳои башардӯстона дарёфт кард.

Дар мақоми баъдӣ Чин қарор дорад. Саҳми ин кишвар дар расондани кумак ба Тоҷикистон ба 2 миллион доллар баробар аст.

Федератсияи Русия дар феҳрасти кишварҳои имдодрасон мақоми сеюмро касб мекунад. Дар давоми 4 моҳ, Русия ба маблағи 865 ҳазор доллар ба Тоҷикистон кумакҳои гуманитарӣ ирсол намудааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
Барчаспҳо:
кумак, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ