13:31 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
549 0 0

Қирғизистон эълон намудааст, ки дар заминаи содироти барқ бо мақомоти Тоҷикистон музокирт дорад

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik.  Айтмамат Назаров, раиси ширкати Энержии миллии Қирғизистон гуфт, дар мавриди хариди барқ бо Туркманистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳоли музокира ҳастем, иттилоъ додаас хабаргузории ТоҷикТА.

Тибқи иттилои манбаъ, пеш аз ин яке аз намояндагони ширкати энержии Қирғизистон гуфта буд, ки имсол Қирғизистон қасд дорад то 1 миллиард киловат соат барқ ворид кунад.

Соли 2019  дар ин кишвар беш аз 20.6 миллиард киловат соат барқ тавлид шуд.

Ҳамчунин Тоҷикистон соли гузашта аз содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон ҳудуди 91 миллион доллар даромад ба даст оварда буд.

Дар Тоҷикистон бештари барқ дар нерӯгоҳҳои обӣ ҳосил мешавад, ки хароҷоташ чандон зиёд нест.

Ба ҷуз аз ВМКБ, боқӣ қаламрави Тоҷикистонро ширкати "Барқи тоҷик" бо барқ таъмин мекунад. Ин ширкат айни замон 26 нерӯгоҳро дар ихтиёр дорад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ширкати "Помир энержӣ" сокинонро бо барқ таъмин мекунад.

Дар ҳамин ҳол, қарзи "Барқи тоҷик" ба ҳолати аввали соли 2020 ба 26 миллиард? сомонӣ муодили 2,6 миллиард доллар расида буд.

Барчаспҳо:
музокирот, содирот, барқ, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ